Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 12-уми ҳамкории Корея бо кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 17.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 16 октябр дар шаҳри Нурсултон 12-умин Форуми ҳамкории Ҷумҳурии Корея — Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ширкат варзид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Форум манфиатдории Тоҷикистонро ба рушди ҳамкории гуногунҷанба дар доираи Форум ва истифодаи имконоти он дар таҳкими ҳамкорӣ ва рушди устувор дар минтақа таъкид намуд.
Дар доираи Форум ҷаласаҳои алоҳида роҷеъ ба масъалаҳои стандартизатсия, обу энергетика, иқтисоди сабз ва фанноварии иттилоотӣ баргузор гардиданд.
Иштирокдорони ҷаласа аҳамияти масъалаҳои баррасишударо таъкид намуда, татбиқи лоиҳаҳои мушаххасро, ки манфиатҳои умумии кишварҳои узви Форумро таҷассум мекунанд, зарур шумориданд.
Дар интиҳои чорабинӣ Изҳороти муштарак ва Нақшаи кории Котиботи Форум барои соли 2020 қабул шуданд.
АКС ВКХ ҶТ








Ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Урдун баррасӣ шуд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО намоишгоҳи китобу дастхатҳои Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём ифтитоҳ шуд
Президенти Тоҷикистон: «То ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ зери парчами миллӣ ба хотири боз ҳам обод гардонидани Ватани аҷдодӣ заҳмат мекашем»
Дурнамои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ЮНЕСКО баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои дохилии Урдун мулоқот намуд
Дар Париж ба бузургдошти Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём чорабиниҳои илмию фарҳангӣ доир мегарданд
Дар Теҳрон масъалаи баргузории чорабиниҳои илмию фарҳангии Тоҷикистону Эрон баррасӣ гардид
Дилрабо Мансурӣ дар Конфронси дуюми ҷаҳонии вазирон оид ба хотима додан ба зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Аҳмадии Кувайт вохӯрӣ намуд
Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск бо донишҷӯёни тоҷик ва намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими минтақаи Сибир мулоқот намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Озарбойҷон муаррифӣ гардид
Густариши робитаҳои корӣ байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва вилояти Кургани Русия баррасӣ гардид






