«Ҷавонон-нигоҳдорандаи забони давлатӣ». Имрӯз дар Душанбе таҳти ин унвон ҳамоиш баргузор гардид

Октябрь 2, 2019 17:07

ДУШАНБЕ, 02.10.2019 /АМИТ «Ховар»/.  2 сентябр дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ таҳти унвони «Ҷавонон-нигоҳдорандаи забони давлатӣ» ҳамоиши адабӣ-маърифатӣ доир гардид.

Ҳамоиши мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар доираи «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон барои солҳои 2019-2021»  баргузор шуд.

Дар ҳамоиш Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода, муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода, намояндагони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва зиёда аз 100 нафар ҷавонон аз чор ноҳияи пойтахт иштирок доштанд.

Зикр гардид, ки ҳамоиши мазкур хусусияти тарбиявӣ дошта, ҷиҳати баланд бардоштани рушди маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, маънавию ахлоқӣ, инсондӯстиву меҳанпарастии ҷавонону наврасон ва арҷгузорӣ  ба  арзишҳои пурғановати миллати тоҷик, аз ҷумла забони давлатӣ  нигаронида шудааст.

Ҳамоиши мазкурро муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Ахмадзода ифтитоҳ  намуда, зикр кард, ки «барои мо мояи ифтихор аст, ки забони тоҷикӣ таърихи чандҳазорсоларо доро мебошад. Имрӯз он мақоми давлатӣ касб намудааст. Донистан ва эҳтирому гиромидошти забони давлатӣ қарзи ҳар як шаҳрванд мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди Созмони Милали Мутаҳид бо забони шевои тоҷикӣ сухан мекунад, ки ин барои мо, соҳибзабонон ифтихори бузург аст».

Ёдовар мешавем, ки забон барҷастатарин ва гӯётарин поя, шиноснома ва нишони бақои ҳар миллат аст. Беҳуда забони миллиро симо ва пайкари миллат наномидаанд.

Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода иброз дошт, ки «ин ҳамон забонест, ки моро аз гузаштаи ҳафтҳазорсолаи хеш огоҳ месозад. Таърих гувоҳ аст, ки дар тӯли ҳафтсад сол забони тоҷикӣ забони расмӣ- ҳуҷҷатгузорӣ ва коргузории Ҳиндустон буд. Забони тоҷикӣ  дар тӯли ҳазорсолаҳо, новобаста ба гирудори таърихӣ мақому манзалати худро  ҳифз намуда, дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ  маҳз бо талошҳо ва иқдомҳои наҷибонаи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон пайваста дар рушду такомул қарор дорад.  Ҳамзамон дар ин самт бузургони илму адаб  пажӯҳишҳо  анҷом доданд ва таҳқиқоти муосири забоншиносон гувоҳи он аст, ки забони тоҷикӣ воқеан  яке аз забонҳои илму тамаддун маҳсуб мешавад».

Зикр гардид, ки имсол ба қабули Қонун «Дар бораи забони давлатӣ» даҳ сол пур мешавад. Забони модарӣ хишти нахустини пойдевори кохи миллат ва яке аз рукнҳои аосии давлатдории миллист.

Мояи ифтихор  ва сарфарозии мардуми сарбаланду куҳанбунёд ва тамаддунофари Тоҷикистон аст, ки Рӯзи забони давлатӣ ба феҳристи ҷашнҳои мамлакат ворид гардида, ҳамчун ҷашни умумимиллӣ дар саросари ҷумҳурӣ  таҷлил карда мешавад.

Инчунин дар ҳамоиш аз ҷониби аҳли фарҳанг барномаи консертӣ баргузор гардид.

Октябрь 2, 2019 17:07

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Ба ин муносибат Озмуни ҷумҳуриявии «Суруди сарбоз» ҷамъбаст мегардад
Бозингарони дастаи мунтахаби занонаи футзали Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
«ТО ТАВОНӢ ДӮСТОНРО ГУМ МАКУН». Ҳайати Тоҷикистон дар ҳамоиши илмию амалӣ дар шаҳри Самарқанд иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ. Тақдими китоб яке аз ташаббусҳои неки Президенти Тоҷикистон мебошад
Дар Тоҷикистон 1160-солагии файласуф ва олими маъруфи тоҷик Абубакри Розӣ таҷлил карда мешавад
Дар ноҳияи Вахш даври шаҳрии Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» баргузор гардид
Моҳи сентябр дар Тоҷикистон 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ ҷашн гирифта мешавад
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе фестивал ва намоиш- фурӯши маҳсулоти чакандӯзию гулдӯзӣ доир мегардад
Дар Душанбе дар мавзуи аҳамияти синошиносӣ ва муаррифии осори Абӯалӣ ибни Сино ҳамоиш баргузор шуд
1045-СОЛАГИИ ФАРЗАНДИ НОМВАРИ ТОҶИК, ДОНИШМАНД, ФАЙЛАСУФ ВА ТАБИБИ МАШҲУРИ ОЛАМ АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО. Ба ин муносибат дар Тоҷикистон симпозиуми байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Душанбе намоиш-фурӯши китоб баргузор мегардад
Моҳи март дар Душанбе Фестивали «Сад ранги чакан» ва намоиш-фурӯши маҳсулоти нақшдӯзиву зардӯзии чаканӣ баргузор мешаванд

Маводҳои таҳлилӣ