Ҷавонону наврасони тоҷик ба давраи омӯзишии ройгон фаро гирифта мешаванд
ДУШАНБЕ, 29.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода дар якҷоягӣ бо шарикони рушд аз имкониятҳои Корхонаи воҳиди давлатии «Биржаи меҳнатии ҷавонон», Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иттилоот ва тамоюли ҷавонон», Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази ҷавонони шаҳри Душанбе» ва Корхонаи воҳиди давлатии Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон «Ориёно» дидан намуда, бо ҷараёни омӯзиши курсҳои кӯтоҳмуддат шинос гардид.
Зимни боздид Аҳтам Абдуллозода зикр намуд, ки дар заминаи сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои омода намудани ҷавонон ба касбомӯзӣ, тайёр кардани онҳо ба ҳаёти мустақилона имкониятҳои нав ба нав фароҳам оварда шудаанд. Хусусан ташкили курсҳои ройгон намунаи олии ин гуфтаҳост.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар муроҷиат ба ҷавонон иброз дошт, ки бояд ҳар як ҷавон соҳибҳунар, дорои касб ва шуғли пурмаҳсул бошад, то тавонад зиндагии минбаъдаи хешро сарбаландона гузаронад.
«Шахси ҳунарманд дар ҷомеа мақому манзалати махсус дошта, ҳеҷ гоҳ дар зиндагӣ хор намегардад»,- гуфт номбурда.
Бино ба гуфтаи директори Корхонаи воҳиди давлатии «Биржаи меҳнатии ҷавонон»-и назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Раҳимзода, «имрӯз таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Пешвои миллат ба ҷавонон хеле зиёд аст. Тибқи дастуру супоршҳои роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар асоси «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон барои солҳои 2019-2021» дар назди ташкилотҳои системаи кор бо ҷавонон курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ амал мекунанд. Имрӯз ҷавонон метавонанд дар баробари таҳсили илм дар курсҳои омӯзишии кӯтоҳмуддат ороиши мӯю рӯй, омода намудани ҳар гуна ширинӣ, хӯрокҳои миллию аврупоӣ, дӯзандагӣ ва маърифати оиладориро омӯзанд».
Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иттилоот ва тамоюли ҷавонон» ташкилоти низоми Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҷиҳати амалишавии сиёсати давлатии ҷавонон пайваста чорабиниҳои гуногун, семинару омӯзиш ва тадқиқоти сотсиологӣ доир менамояд. Дар корхонаи мазкур курсҳои кӯтоҳмуддати забонҳои русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шуда, ҷавонони зиёде ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд. «Маркази ҷумҳуриявии иттилоот ва тамоюли ҷавонон» дорои чопхона буда, маводи иттилоотию тарғиботиро мунтазам нашр менамояд. Инчунин дар маркази инноватсионӣ ҷавонону наврасон бо истифода аз технологияи навин пайваста машғулиятҳои назарявию амалӣ меомӯзанд.
Корхонаи воҳиди давлатии Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон «Ориёно» ҷиҳати омода намудани ҷавонон дар самти фарҳангдӯстӣ пайваста курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишии асбоби миллӣ, рассомӣ, дӯзандагӣ гузаронида, миёни ҷавонону наврасон барномаю маҳфилҳои гуногун роҳандозӣ менамояд.
Ба иттилои котиби матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримҷон Салимзода, курсҳои мазкур аз ҳисоби маблағҳои буҷавии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуда, мақсад аз он баланд бардоштани маърифати ҷавонон ва омода намудан онҳо ба ҳаёти мустақилона мебошад.
Курсҳои омӯшии мазкур пурра ройгон буда, се моҳро дар бар мегиранд. Дар ҷамъбасти омӯзиш ба иштирокчиён аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш сертификат дода мешавад. Инчунин онҳо бо ҷои корӣ доимӣ таъмин карда мешаванд.
Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»











Дар Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷиу-ҷитсу ва грэплинг байни ҷавонон ва наврасон баргузор гардид
Дар Москва бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ Мусобиқа оид ба футболи хурд таҳти унвони «Ҳамбастагӣ-2026» баргузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав Маркази рушди бокс ва майдони варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар деҳаи Себистони ноҳияи Данғара майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар раддабандии нави ФИФА мақоми 101-умро соҳиб гардид
Дар Бадахшон лигаи волейбол байни мардон оғоз гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии дӯстона тими миллии Ҳиндустонро мағлуб кард
Варзишгар аз Тоҷикистон Абдулмаҷид Кудиев дар Узбекистон медали тиллоро сазовор шуд
ФУТБОЛ. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Чин бозиҳои дӯстона баргузор мекунад
Ғолибони Чемпионати Осиё оид ба бокс қадрдонӣ карда шуданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстона бо тими мунтахаби Ҳиндустон муайян гардид
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Ҳиндустон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






