Барои навсозии инфрасохтори троллейбусҳои шаҳри Душанбе 8 миллион доллар ҷудо мегардад

Октябрь 3, 2019 16:10

ДУШАНБЕ, 03.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Барои навсозии инфрасохтори  троллейбусҳои  шаҳри Душанбе  Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) 8 миллион доллар ҷудо мекунад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» роҳбари гурӯҳи татбиқи лоиҳаи «Рушди нақлиёти истифодаи умум  дар шаҳри Душанбе» Абдулхайр Алиев хабар дод.

Маблағи  ҷудонамудаи БАТР барои таъмири зеристгоҳҳои мавҷуда, насби ноқилҳои фидерӣ, инчунин хатҳои троллейбус ва пойгоҳҳои он  равона  гардида,  аз он 5,2  миллион  бо  кафолати давлатӣ ба сифати  қарз ва 2,8 миллион доллараш  дар шакли гранти сармоягузорӣ ҷудо карда мешавад.

Мавриди  зикр аст, ки айни замон дар  7 хатсайри троллейбусии шаҳри Душанбе 87 адад воситаҳои нақлиёти барқии корхона ба сокинону меҳмонони шаҳр  хизмат мерасонанд, ки дар як сол он  беш аз 11 миллион  мусофирро  интиқол   медиҳад.

Барқарорсозии инфрасохтори троллейбусҳо ба  рушди ин соҳа ва беҳтар гардидани фаъолияти  ин нақлиёти мусофиркаш  мусоидат карда, имкон  фароҳам меорад, ки сокинону меҳмонони пойтахт аз  хизматрасонии ин нақлиёти каммасрафи ҷамъиятӣ бештар истифода баранд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи майи соли равон бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус»-и шаҳри Душанбе маросими рӯнамоии троллейбусҳои муосири тамғаи 3321 00 D, ки аз Ҷумҳурии Беларус дастрас гардидаанд, баргузор шуд. Ин  троллейбусҳои муосири минтақаи Осиёи Марказӣ бори аввал ба шаҳри Душанбе оварда шудаанд. Зимни рӯнамоии воситаҳои нақлиёти барқии замонавӣ  иттилоъ дода шуд, ки троллейбусҳои муосир дар ширкати «Белкоммунмаш»-и Ҷумҳурии Беларус истеҳсол гардида,  аз лиҳози харҷи камтари неруи барқ, сатҳу сифати хизматрасонӣ ва ҳаракат дар тамоми ҳолату шароити шаҳр аз тамғаҳои қаблӣ  бартарияти зиёд доранд.

Троллейбусҳои мазкур бо истифода аз технологияи пешрафта истеҳсол гардида, дорои муҳаррики қувваи ҷараёни тағйирёбандаи қабулкунанда ва батареяҳои литий барои захираи неруи барқ мебошанд. Ин имкон медиҳад, ки ҳангоми ҳаракат тавассути ноқил троллейбус дар таҷҳизоти худ неруи барқ захира намуда, дар ҳолати зарурӣ то масофаи 15-20 километр бе ноқил ҳаракат намояд.
Зимни шиносоӣ Раиси шаҳри Душанбе ба масъулин дастур дод, ки баҳри дар оянда ворид намудани чунин воситаҳои нақлиёти муосири мусофиркашонӣ ва таҷдиди парки троллейбусҳо чораҷӯӣ карда, дараҷаи тахассуси касбии ронандагон тавассути курсҳои бозомӯзӣ баланд бардошта шавад. Зеро онҳо бо воситаҳои навтарини техникӣ муҷаҳҳаз гардида, аз ронандагон малакаҳои иловагӣ талаб менамоянд.

Троллейбусҳои муосир иқтидори ғунҷоиши то 90 нафар мусофирро дошта, аз 22 ҷойи нишаст, лавҳаҳои иттилоотӣ, воситаҳои огоҳкунӣ аз ҷониби мусофирон дар дохил ва беруни он, инчунин низоми мушоҳидавии дохилӣ бо 8 адад камера иборатанд, ки барои фаъолияти ронандагон мувофиқ мебошанд.

Ҳамчунин барои даромаду баромади мусофирон дар он низоми «клининг» насб гардидааст, ки дар ҳолати зарурӣ даромадгоҳи троллейбус ба воситаи дастгоҳи идоракунӣ аз ҷониби ронанда паст ва баланд карда мешавад.

Барои нафарони дорои имкониятҳои маҳдуд дар даромадгоҳи мобайн таҷҳизоти «аппарел» насб гардидааст, ки тавассути он даромадгоҳ то сатҳи зарурӣ поёну боло карда мешавад.

Дар ҷараёни боздид ба масъулини дахлдор супориш дода шуд, ки троллейбусҳои нав давоми 6 моҳи аввал ба таври озмоишӣ истифода бурда шаванд.

Октябрь 3, 2019 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Суханронии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи Гран-прии Душанбе-2023 оид ба ҷудо
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон барномаи фарҳангию фароғатӣ доир мегардад
«ҲУНАР ОМӮЗ…». Дар Душанбе даври шаҳрии озмун доир мегардад
Пагоҳ дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон барномаи фарҳангию фароғатӣ доир мегардад
«ДУШАНБЕ – ШАҲРИ ҲУШМАНД». Маросими ҷоизасупории Фестивал-озмуни истеъдодҳои навраси шаҳри Душанбе «Шукуфаҳои пойтахт» баргузор шуд
«КӮДАКОН-ДУНЁИ МОЯНД!». 1 июн дар шаҳри Душанбе барномаи бошукӯҳи фарҳангию фароғатӣ доир мешавад
Дар Душанбе даври шаҳрии Фестивали атласу адрас ва намоишу фурӯши он баргузор гардид
Дар пойтахт «Ҳафтаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» оғоз гардид
Пагоҳ дар Душанбе даври шаҳрии Фестивали атласу адрас ва намоишу фурӯши он баргузор мешавад
27 май дар Душанбе Фестивали атласу адрас баргузор мегардад
«ДУНЁ ПУР АЗ ҶАВОНӢ!». Дар Душанбе Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
СЯМЭН-ДУШАНБЕ. 10 СОЛИ РОБИТАҲОИ БАРОДАРШАҲРӢ. Дар шаҳри Сямен намоиши аксҳо ва ҳамоиш доир шуд

Маводҳои таҳлилӣ