Бори аввал дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе барои кашфи маводи ядроӣ ва радиатсионӣ монитори порталии радиатсионӣ насб гардид

Октябрь 22, 2019 13:40

ДУШАНБЕ, 22.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бори аввал дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе монитори порталии радиатсионӣ, ки вазифаи асосии он кашфи маводи ядроӣ ва радиатсионӣ мебошад, насб гардид. Маросими расмии ба истифодадиҳии он имрӯз, 22 октябр доир гардид, ки дар он намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати мамлакат ва Сафорати ИМА дар Тоҷикистон иштирок ва сухан карданд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки сардори раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Сатторзода аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати ИМА барои муҷаҳҳазсозии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо чунин дастгоҳҳо изҳори миннатдорӣ намуд. Номбурда, аз ҷумла зикр кард, ки ҳоло дар саҳнаи ҷаҳонӣ гурӯҳҳои муташаккили ҷиноии фаромиллӣ ва шабакаҳои байналмилалии террористӣ зуҳур кардаанд, ки барои даст ёфтан ба мавод, технологияҳо, силоҳҳо ва паҳншавии онҳо фаъолияти бештар аз худ нишон медиҳанд. Дар замони ҳозира хатари истифодаи ҷузъҳои силоҳҳои қатли ом барои таҳдид кардани ҳукуматҳо хатари воқеӣ мебошад.

«Ҳадафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ИМА дар мубориза бар зидди таҳдиди силоҳи қатли ом ва маводи марбута ба он ва таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон як аст. Насби чунин таҷҳизот дар фурудгоҳ иқдоми навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо ҳама гуна яроқҳои қатли ом, пешгирӣ ва  гардиши ғайриқонунии он мебошад»,-илова намуд Абдуҷаббор Сатторзода.

Тавре директори Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ Илҳом Мирсаидов иброз дошт, Ҳукумати мамлакат гурӯҳи миллии корӣ оид ба татбиқи Нақшаи миллии амалҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои Қатъномаи 1540 Шӯрои амнияти СММ таъсис дод ва оид ба татбиқи нақшаи мазкур мунтазам ҳисобот пешниҳод мешавад. Ҳафтаи гузашта Протокол дар бораи манъи истифодаи газҳои хафакунанда, заҳрдор ва моддаҳои бактериологӣ дар ҷанг, Созишномаи байналмилалӣ дар бораи манъи истифодаи силоҳи кимиёвӣ ё биологӣ дар вақти ҷанг ба тасвиб расонида шуд.

«Дар тӯли 5 соли охир бо дастгирии шарикони рушд гузаргоҳҳои Пахтаобод, Дӯстӣ, Спитамен, Истиқлол, Хошадӣ ва Панҷи Поён бо порталҳои статсионарии радиатсионӣ бо мақсади пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи ядроӣ ва радиоактивӣ муҷаҳҳаз карда шуданд. Дар назар аст, ки дар доираи ҳамкорӣ соли 2020 фурудгоҳҳои шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар низ бо чунин дастгоҳҳо муҷаҳҳаз карда хоҳанд шуд. Чунин портали статсионарӣ ҳамчунин дар Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тайёр намудани мутахассисони баландихтисос барои истифода намудани таҷҳизоти мазкур насб карда шудааст»,-изҳор намуд Илҳом Мирсаидов.

Инчунин зикр гардид, ки соли 2018 Ҳукумати мамлакат Маркази минтақавии таълимӣ оид ба пешгирӣ намудани терроризм бо истифода аз силоҳҳои қатли ом ва назорати содиротиро барои давлатҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Афғонистон таъсис дод, ки дар назди Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад. Маркази мазкур бо таҷҳизоти муосир барои омода намудани мутахассисон аз вазорату идораҳои гуногун муҷаҳҳаз шудааст. Дар марказ барномаи таълимӣ барои мутахассисони сатҳҳои гуногун ва барномаи таълимии магистратура ба муддати 2 сол таҳия карда шудаанд.

Таҷҳизоти мазкур аз ҷониби Идораи муайянкунандаи қочоқ ва назорати моддаҳои ҳастаии вазорати энергетикаи ИМА (NSDD) дар ҳамкорӣ бо Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ тақдим карда шуд.

Сипас иштирокдоронро бо фаъолияти монитори порталии радиатсионӣ шинос намуданд. Зикр гардид, ки 13 монитори порталии радиатсионӣ, ки дар фурудгоҳ насб карда шудаанд,  метавонанд ҳам шуоҳои гамма ва ҳам нейтрон кашф кунанд. Яъне вазифаи ин дастгоҳҳо кашфи маводи ядроӣ ва радиатсионӣ мебошад. Мусофироне, ки вориди шаҳри Душанбе мешаванд, ба воситаи ин дастгоҳҳо муоина мегарданд.

Ба воситаи ин мониторҳои порталӣ  роҳҳои рафту омад, аз ҷумла роҳҳои худи кормандони фурудгоҳ зери назорат қарор дода мешаванд. Дар ошёнаи дуюми фурудгоҳ маркази ташхис мавҷуд аст, ки  он бо ин 13 портал иртибот дорад. Ҳангоми садо додани бонги хатар кормандон бо худ дастгоҳҳое доранд, ки барои боз ҳам мушаххас кардани маводи ядроӣ ва радиатсионӣ нигаронида шудаанд. Вақте мусофир бо худ маводи ядроӣ ё радиатсионӣ дошта бошад, ҷароғакҳои сурху кабуд фурӯзон шуда, садо баланд мешавад. Агар ҳам чароғаки сурх ва ҳам кабуд фурӯзон шавад, ин маънои онро дорад, ки мусофир бо худ ҳам маводи гамма ва ҳам нейтрон дорад. Бояд зикр намуд, маводе, ки дар таркибаш нейтрон дорад, барои ихтироъ намудани силоҳи қатли ом истифода мешавад.

Инчунин ба ғайр аз монитори порталӣ дастгоҳҳои муайянкунӣ ва борхалтаҳо барои бехатарии худи кормандони фурудгоҳ тақдим гардид. Ин дастгоҳҳо дараҷаи муайян кардани сатҳи баландшавии радиатсияро нишон медиҳанд. Корманд ба воситаи инҳо метавонад муайян кунад, ки то чӣ андоза ин минтақа хатарнок аст.

Барои самаранок истифода бурдани ин дастгоҳҳо кормандони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз омӯзиш гузаштанд.

Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»

Октябрь 22, 2019 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН. Ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон муташаккилона идома дорад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар мақомоти гумруки Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд
Дар Хатлон якчанд ноҳия даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яке аз давлатҳои пешсаф аст
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
Байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби шуҷоату мардонагӣ аст
ТЕРРОРИЗМ ЧИСТ? ТЕРРОРИСТ КИСТ? Чаро як фард тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи манфур меравад?
Дар Истаравшан гурӯҳи нахустини ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст
Дар Душанбе масъалаи татбиқи марҳилаи дуюми низоми «Шаҳри бехатар» баррасӣ шуд