Дар 9 моҳи соли равон дар Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон 685 амалиёт гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 15.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар 9 моҳи соли равон дар Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон дар зиёда аз 644 нафар бемор амалиёти пайвандсозии гурда ва 41 нафар ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар гузаронида шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ин бора имрӯз, 15 октябр зимни ҷаласаи ҳайати мушовара оид ба фаъолияти 9-моҳаи ин ниҳод иттилоъ дода шуд.
Ба иттилои манбаъ, дар Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон, ки соли 2011 таъсис ёфтааст, то имрӯз 122 нафар шаҳрвандони хориҷӣ амалиёти пайвандсозии узвҳояшонро гузаронидаанд.
«Аз ин шумора 29 нафар аз Озарбойҷон, 41 нафар аз Қирғизистон, 31 нафар аз Исроил ва боқӣ аз дигар давлатҳои хориҷи дуру наздик мебошанд», — омадааст дар иттилоияи Вазорат.
Гуфта мешавад, ки ҷиҳати коҳиш додани шумораи нафароне, ки ба хориҷи мамлакат барои ташхис ва табобат сафар мекунанд, дар заминаи Маркази мазкур шуъбаи пайвандсозии мағзи устухон фаъолият дошта, то имрӯз ба 10 нафар бемор амалиёти пайвадсозии мағзи устухон гузаронида шудааст.
Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба татбиқи барномаву стратегияҳои соҳавии давлатӣ баррасӣ гардида, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода масъулинро барои иҷрои саривақтии супоришҳои ҷойдошта вазифадор намуд.








Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Дар Душанбе иди бостонӣ ва миллии мо-Меҳргон бо шаҳомати хосса доир мегардад
Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд






