Дар 9 моҳи соли равон дар Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон 685 амалиёт гузаронида шуд

Октябрь 15, 2019 17:06

ДУШАНБЕ, 15.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар 9 моҳи соли равон дар Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон дар зиёда аз 644 нафар бемор амалиёти пайвандсозии гурда ва 41 нафар ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар гузаронида шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ин бора имрӯз, 15 октябр зимни ҷаласаи ҳайати мушовара оид ба фаъолияти 9-моҳаи ин ниҳод иттилоъ дода шуд.

Ба иттилои манбаъ, дар Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон, ки  соли 2011 таъсис ёфтааст, то имрӯз 122 нафар шаҳрвандони хориҷӣ амалиёти пайвандсозии узвҳояшонро гузаронидаанд.

«Аз ин шумора 29  нафар аз Озарбойҷон, 41 нафар аз Қирғизистон, 31 нафар аз Исроил ва боқӣ аз дигар давлатҳои хориҷи дуру наздик мебошанд», — омадааст дар иттилоияи Вазорат.

Гуфта мешавад, ки ҷиҳати коҳиш додани шумораи нафароне, ки ба хориҷи мамлакат барои ташхис ва табобат сафар мекунанд, дар заминаи Маркази мазкур шуъбаи пайвандсозии мағзи устухон фаъолият дошта, то имрӯз ба 10 нафар бемор амалиёти пайвадсозии мағзи устухон гузаронида шудааст.

Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба татбиқи барномаву стратегияҳои соҳавии давлатӣ баррасӣ гардида, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода масъулинро барои иҷрои саривақтии супоришҳои ҷойдошта вазифадор намуд.

Октябрь 15, 2019 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Исфара сел талафот ва харобӣ ба амал наовардааст
Бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Рӯшон барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ машқи мукаммал гузаронида шуд
ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ОМӮЗИШИ ИЛМ ВА КАСБУ ҲУНАР. Дар ноҳияи Муъминобод оид ба ин мавзуъ вохӯриҳо доир мешаванд
Маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда ва хурофотпарастӣ ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад
Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи Қазоқистон расонида шуд
Ба сокинони деҳаҳои Кӯли Калон ва Нушори поёни ноҳияи Тоҷикобод 2 техника бо арзиши 850 ҳазор сомонӣ кумак карда шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
«Душанбе пешрафта ва сарсабз мешавад», -бардошт аз ҳамоиш дар Маркази тадқиқоти стратегӣ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
Ҳамкории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо мақомоти давлатии Финляндия густариш меёбад