«Дар ҷавонӣ хидмати модар-падар кун!» — таҳти ин унвон дар Душанбе маҳфили адабӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 01.10.2019./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Театри давлатии академӣ – драмавии ба номи А. Лоҳутӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии куҳансолон таҳти унвони «Дар ҷавонӣ хидмати модар- падар кун!» маҳфили фарҳангӣ баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, маҳфили мазкурро муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ифтитоҳ намуда, ба иштирокдорони он номаи шодбошии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро расонд.
М.Муинӣ зикр кард, ки мояи ифтихор аст, ки Ҳукумати мамлакат ва махсусан Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазъи зиндагии пиронсолону барҷомондагон, нафақахӯрон ва дигар қишрҳои ниёзманди ҷомеа таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд. Дар ин робита дар мамлакат даҳҳо фармону қарор ва амру дастурҳои дахлдор оид ба беҳгардонии шароити зисти ин қишри ҷомеа ба тасвиб расидаанд.
«Ҳамасола дар ҷумҳурӣ ва бахусус пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе Рӯзи куҳансолон ва дигар санаҳои ифтихории марбут ба ин табақаи соҳибэҳтироми ҷомеа ба таври васеъ таҷлил мегарданд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе низ нисбат ба ин табақаи ҷомеа эҳтироми хосса зоҳир намуда, дар таъмини ҳуқуқу озодиҳои онҳо корҳои шоиста анҷом медиҳад. Бо ибтикори роҳбарияти мақомоти шаҳр дар пойтахт Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе ташкил карда шудааст, ки дар он шахсони бесаробону барҷомонда, ниёзманд таҳти ҳимояти давлат ба нигоҳубин ва хизматрасониҳои алоҳида фаро гирифта шудаанд»,- таъкид намуд муовини Раиси шаҳр.
Дар ҷамъомад ҳамчунин гуфта шуд, ки дар ин рӯз бо мақсади ҳифз ва пуштибонӣ аз ҳуқуқу озодиҳои шахсони пиронсол дар шаҳри Душанбе аз ҷониби ташкилоту идораҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ конференсияву вохӯрӣ, ҷамъомаду суҳбатҳои гуногун бахшида ба нақш ва саҳми табақаи номбурда дар пешбурди ҷомеа баргузор карда мешаванд.
Дар ҳамоиш барои фаъолияти пурсамар дар самти кор бо куҳансолон як зумра кормандони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мукофоту туҳфаҳои хотиравӣ қадр гардиданд.
Сипас бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти ибратомӯзи ин табақаи ҷомеа намоиши театрӣ пешниҳод гардид.
Инчунин барномаи фароғатӣ — дастагули мусиқӣ иборат аз созу навои устодони санъат ва эҷодкорони ҷавони шаҳри Душанбе пешниҳоди иштирокдорон гардонида шуд.
Дар Чойхонаи машҳури пойтахт — «Роҳат» барои иштирокдорони ин ҳамоиш дастурхони идона ороста шуд.
















МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад






