Дар Душанбе ҷаласаи сайёри ҳамоҳангсозии раисони кумитаҳои мудофиа ва амнияти парлумонҳои давлатҳои аъзои СААД баргузор мегардад

Октябрь 22, 2019 11:15

ДУШАНБЕ, 22.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. 28-29 октябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи сайёри муштараки ҳамоҳангсозии раисони кумитаҳои мудофиа ва амнияти парлумонҳои давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва Комиссияи доимии ин Созмон оид ба мудофиа ва амният баргузор мегардад.

Тавре котиби матбуоти палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, Тоҷикистонро дар ин ҷаласа раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Ҷурахон Маҷидзода намояндагӣ мекунад.

Гуфта мешавад, ки иштирокчиёни ҷаласа вазъи ҳарбию сиёсии минтақаи Осиёи Марказии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъиро бо аъзои кумитаҳои дахлдори Маҷлиси милливу Маҷлиси намояндагон ва роҳбарони  мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон баррасӣ мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа муовини Дабири кулли СААД оид ба вазъ ва дурнамои рушди ҳамкории ҳарбӣ, ҳарбӣ-иқтисодӣ (техникӣ) дар доираи Созмон гузориш медиҳад.

Дар рӯзномаи ҷаласаи сайёр баррасии масъалаи тавсияҳо оид ба такмили қонунгузории миллии давлатҳои аъзои СААД дар соҳаи фаъолияти қувваҳои посдори сулҳ, оид ба наздик кардани қонунгузории давлатҳои аъзои Созмон дар бораи мусодираи амвол ба манфиати мубориза бо коррупсия, маблағгузории терроризм ва дигар ҷиноятҳо ва ғайра дар назар аст.

«Иштирокчиёни ҷаласа дар машқҳои ҳарбӣ, ки дар майдони таълимии Лоҳур мегузаранд, ширкат варзида, нақшаи кории Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ барои соли 2020-ро қабул менамоянд», — афзуд манбаъ.

Октябрь 22, 2019 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бо вакилони Маҷлиси қонунгузории вилояти Свердловски Федератсияи Русия мулоқот доир гардид
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ бошукуҳ таҷлил гардид
Вакилони Маҷлиси намояндагон дар кори комиссияҳои Ассамблеяи Байнипарлумонии СААД иштирок намуданд
Дар Парлумон «Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024» баррасӣ гардид
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон Парвина Меликова ба ин савол посух дод
Рушди ҳамкории парлумонии Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонии ҷавонони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи 56-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ иштирок ва суханронӣ намуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаев мулоқот намуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Конфронси байналмилалӣ бахшида ба 95-солагии Чингиз Айтматов иштирок намуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии ИДМ иштирок намуданд
«САДОҚАТ БА ПРЕЗИДЕНТ — САДОҚАТ БА МИЛЛАТ АСТ». Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид