Дар Душанбе ҷаласаи сайёри гурӯҳи корӣ оид ба Афғонистон дар назди Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД доир мешавад
ДУШАНБЕ, 24.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 28-29 октябр дар шаҳри Душанбе бо иштироки ҳамоҳангсозони миллӣ оид ба Афғонистон ҷаласаи сайёри гурӯҳи корӣ оид ба Афғонистон дар назди Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД баргузор мегардад.
Дар ин бора сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Нозимиён ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дода, афзуд, ки дар ҷаласаи гурӯҳи корӣ Намояндагони Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шанхай ва Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои кишварҳои Осиёи Марказӣ низ иштирок менамоянд.
«Интизор меравад, ки дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои марбут ба вазъи низомӣ-сиёсии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ҳамчунин тадбирҳои аз ҷониби СААД андешидашуда оид ба кам кардани таҳдид ба амнияти давлатҳои узви Созмон, ки аз қаламрави ин кишвар ба вуҷуд меоянд ва тасдиқи нақшаи кории минбаъдаи гурӯҳ баррасӣ гарданд»,-гуфт Ориф Нозимиён
Дар робита ба ин 28 октябр дар ҷаласаи ҳамоҳангсозии раисони кумитаҳо (комиссияҳо) оид ба мудофиа ва амнияти парлумонҳои давлатҳои аъзои СААД иштироки роҳбарияти ГКА, Ҳамоҳангсози миллии Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба Афғонистон Сагин Ибраев ба нақша гирифта шудааст.








10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад






