Дар Душанбе ҷаласаи якуми Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 02.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 3 октябр дар Муассисаи давлатии «Душанбе Плаза» ҷаласаи якуми Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ баргузор мегардад. Дар ҷаласаи мазкур Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, муовини Вазири тандурустии Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Абишев иштирок мекунанд.
Дар ҳамоиш масъалаҳо оид ба рушди ҳукумати электронӣ, табдилдиҳии рақамӣ ва телетиб таҳлилу баррасӣ мешаванд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи декабри соли 2018 бо ҶДММ «Сифат Иннотех Инвест» оид ба рушди ҳукумати электронӣ, табдилдиҳии рақамӣ ва телетиб созишнома ба имзо расонида буд.
Ҳамчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи августи соли равон байни ҶДММ «Сифат Иннотех Инвест» ва Маркази ҷумҳуриявии саломатии электронии Ҷумҳурии Қазоқистон ёддошти тафоҳум ба имзо расонид, ки ҳамкорӣ тибқи модели шарикии давлат ва бахши хусусӣ рушд меёбад. Ҳамзамон дар якҷоягӣ бо вазорати ин мамлакат ташкил ва дастгирии Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравиро оғоз намуд.
Ёдовар мешавем, ки Олжас Абишев роҳбарии Трансформатсияи рақамӣ (CDO)-ро ба уҳда дошта, он соли 2018 ҳамчун беҳтарин идораи рақамӣ эътироф карда шудааст.
Таҳти роҳбарии мавсуф солҳои охир Ҷумҳурии Қазоқистон татбиқи системаҳои иттилоотии тиббиро 100 фоиз таъмин намуд ва ҷараёни гузариш ба идоракунии беэътимоди маълумоти тиббӣ оғоз гардидааст.
Зикр гардид, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Харитаи роҳ» барои татбиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба такмил додани системаи иттилоотии идоракунии тандурустии мамлакатро барои солҳои 2018-2020 ва барои татбиқи аввали он, инчунин рушди трансформатсияи рақамии соҳаи тандурустиро таҳия намудааст.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласа пагоҳ соати 14:00 оғоз мегардад.








Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Парчами давлатиро ботантана ҷашн гирифтанд
Арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ вазифаи ҷонии ҳар шаҳрванди ватандӯст, — бардошт аз ҳамоиш дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
Дар Русия аз соли 2027 назорати даромади муҳоҷирони меҳнатӣ пурзӯр карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар лагери ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Ҷинани Чин иштирок доранд
Марҳилаи тиллоии парчамдории тоҷику тоҷикистониён аз Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ сарчашма гирифтааст
«ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН!». Парчами давлатӣ рамзи истиқлолу соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва шарафу номуси миллат аст
Дар доираи «Барномаи омодасозии мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисодиёт» беш аз 41 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
Дар Вазорати адлияи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар шаш муассисаи тиббии шаҳри Душанбе барномаи рақамии «eTib» фаъол гардид
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Конфронси Вена оид ба муҳоҷират иштирок намуд
Дар Душанбе бахшида ба татбиқи Ёддошти тафоҳум дар соҳаи тандурустӣ байни Тоҷикистон ва Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Барномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Бюрои иҷрои маҷбурии Узбекистон ба имзо расид






