Дар Душанбе маъракаи тантанавии гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ баргузор гардид

Октябрь 1, 2019 17:11

ДУШАНБЕ, 01.10.2019./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон  ба номи Акашариф Ҷӯраев маъракаи  тантанавии гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат баргузор гардид. Маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба иҷрои  Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  «Дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1992-2001 ба хизмати ҳарбӣ» нигаронида шуда буд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола якуми октябр  дар саросари шаҳру ноҳияҳои мамлакат маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мегардад.

Ҳамоиши мазкур бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлтии шаҳри Душанбе доир гардида,  дар он муовини Раиси шаҳри Душанбе Умед Гуреззода,  муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Асрор Латифзода, муовини Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо Назарзода, раисони чор ноҳияи шаҳри Душанбе- Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсӣ, масъулини  сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони комиссариатҳо ва қисмҳои ҳарбӣ, падарону модарони даъватшудагон иштирок доштанд.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Умед Гуреззода  зимни оғози ҳамоиш иброз дошт, ки «бо саъю талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти рӯзмарраи хизматчиён дар қисмҳои ҳарбӣ шароити зарурии маишиву моддӣ муҳайё карда шуда, дар кулли воҳидҳои низомӣ имрўз афсарони касбии ботаҷриба ҷиҳати баланд бардоштани малакаи ҳарбиву ҷисмонии ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандўстӣ, садоқат ба марзу бум фаъолияти босамар менамоянд. Бешубҳа, тӯли 28 соли соҳибистиқлолӣ Артиши миллии мо роҳеро тай намудааст, ки он қимати чандин даҳсоларо дорад».

Дар идомаи ҳамоиш муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Асрор Латифзода таъкид намуд, ки «хизмати Ватан-модар қарзи фарзандии ҳар як ҷавонмард ба ҳисоб меравад. Сол то сол сафи ҷавононе, ки ихтиёран ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ мепайванданд, зиёд гардида истодааст. Ҳукумати мамлакат ҷиҳати боз ҳам рушд додан ва фароҳам сохтани шароити созгор барои сарбозону афсарони шуҷои Ватан пайваста  тадбирҳои мақсаднок меандешад».

Зикр гардид, ки имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1992-2001 ба хизмати ҳарбӣ сафарбар гардиданд.

Сипас аз ҷониби муовини Раиси шаҳри Душанбе Умед Гуреззода, муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Асрор Латифзода ва муовини Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш Ризо Назарзода  ба даъватшудагон, ки аз чор ноҳияи шаҳр иштирок доштанд, ҳуҷҷати ронандагӣ тақдим гардид. Ин барои ҷавононе, ки ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат ихтиёран мераванд, имконияти хубест.

Тавре дар Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  омадааст, комиссарҳои ҳарбӣ ва раисони комиссияҳои даъвати шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он муваззаф гардидаанд, ки даъвати шаҳрвандонро аз ҳисоби даъватшавандагони ба таври дақиқ интихобшуда ба қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъйиноти махсус, бо дарназардошти хусусияти хоси хизмат дар ин воҳидҳо ва дар навбати аввал, пуррагардонии онҳо бо иштироки намояндагони мақомоти амният ва корҳои дохилӣ амалӣ намоянд.

Зимни ҳамоиш комиссари ҳарбии шаҳри Душанбе Ҷамшед Машрабзода  иброз дошт,    ки “ҳамасола моҳи октябр даъвати тирамоҳӣ шуруъ мегардад ва он то охири моҳи ноябр идома меёбад. Пешвои миллат дар ҳар як баромадашон таъкид менамоянд, ки воқеоту таҳаввулоти ҷомеаи мухталифи ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор медиҳанд, ки  зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ,  худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани ҳама арзишҳои истиқлолиятии мамлакатро аз даст надиҳем. Аз ин рӯ ҳар яки моро мебояд хизмати Модар-Ватанро  софдилона адо намоем».

Ҳамчунин тибқи қарори мазкур  шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раёсатҳои кор бо занон ва оила, фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе  уҳдадор гардидаанд, ки  миёни сокинон ва ҷавонони синни даъватӣ хизмати ҳарбиро ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд ташвиқу тарғиб намоянд.

Дар интиҳои ҳамоиш аз ҷониби дастаҳои ҳунарӣ барномаи консертӣ пешниҳоди иштирокчиён гардонида шуд.

Чун анъана аз ҷониби муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонии шаҳр дар назди меҳмонону навдаъватшудагон маросими «Нонгазон» сурат гирифт.

Таъкид гардид, ки ҷавонони сарбаланди тоҷикро мебояд, ки ба Ватан содиқона хизмат намуда, барои ҳимояи  марзу буми сарзамини аҷдодиамон   бо ҳушёрию далерӣ ва мардонагӣ омода бошанд ва онро  чун гавҳараки чашм  ҳифз созанд.

 Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»

Октябрь 1, 2019 17:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд