Дар Душанбе масъалаи рушди ҳамкории давлатҳои узви СААД оид ба амният ва мудофиа муҳокима шуд
ДУШАНБЕ, 28.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи сайёри муштараки ҳамоҳангсозии раисони кумитаҳои мудофиа ва амнияти парлумонҳои давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва Комиссияи доимии ин Созмон оид ба мудофиа ва амният доир гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ҷаласаи мазкур намояндагони парлумонҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, Беларус ва Россия, инчунин Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Қӯшунҳои сарҳадӣ, вазоратҳои мудофиа, корҳои дохилӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ ба роҳ мондани ҳамкории парлумонӣ, мубодилаи иттилоот, таҷрибаи гузаронидани чорабиниҳо ва машқҳои муштараки сохторҳо, ҳамоҳангсозии ҳамкории Қувваҳои мусаллаҳ ва муборизаи муштарак бо гурӯҳҳои муташаккилонаи фаромиллиро муҳим арзёбӣ намуд.
Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризм ва маблағгузории он тадбирҳои мушаххас андешид. Стратегияи миллии мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 ва Нақшаи амал барои татбиқи он қабул карда шуд, ки аз ҷумлаи ин тадбирҳо мебошад. Барои татбиқи ин ва дигар нақшаву барномаҳо дар ҷодаи мубориза бо терроризм Тоҷикистон ҳамкории байналмилалиро муҳим арзёбӣ менамояд.
«Тақвияти ҳамкории густурда бо шарикони байналмилалиро мо яке аз омилҳои муҳими татбиқи ҳадафҳое медонем, ки дар Стратегияи миллии мо оид ба мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ барои солҳои 2016-2020 ва нақшаи амали он бо 12 ҷанбаи мавзӯӣ дарҷ гардидаанд»,- гуфта буданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» 4 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе.
Иштирокчиёни ҷаласа вазъи ҳарбию сиёсии минтақаи Осиёи Марказии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъиро баррасӣ ва ҷиҳати тавсеаи ҳамкорӣ дар ин ҷода ибрози андеша карданд.
Муовини Дабири кулли СААД оид ба вазъ ва дурнамои рушди ҳамкории ҳарбӣ, ҳарбӣ-иқтисодӣ (техникӣ) дар доираи Созмон гузориш дода, ин омилро таконбахши робитаҳо дар таҳкими амният ва мудофиа дар сарҳади давлатҳои аъзои он шуморид.
Гуфта шуд, ки дар ҷаҳони имрӯза хатару таҳдидҳо ба амнияту суботи давлатҳо, аз ҷумла дар ҳудуди давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ афзун гардида, тақвияти бештари ҳамгироии онҳоро дар мубориза бо ҳамаи зуҳуроти номатлуб тақозо менамояд.
Ба зикри иштирокдорони ҷаласа, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ мавқеи муҳим ишғол карда, дар таҳияи созишномаҳои нав, рушди муносиботи амалӣ оид ба ташкил ва коркарди тадбирҳои умумисиёсӣ, ҳуқуқӣ ва ташкилӣ, дар самти мубориза бо таҳдиду хатарҳои эҳтимолӣ вобаста ба вазъи Афғонистон ва аҳамияти марзии давлатҳои аъзои Созмон саҳми арзанда мегузорад.
Тавре котиби матбуоти палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» гуфт: «Дар доираи ҷаласа масъалаҳо дар бораи ҷараёни тасвиби аҳдномаҳои байналмилалӣ, ки дар доираи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ имзо шудаанд, лоиҳаи Тавсияҳо ба наздик намудани қонунгузории давлатҳои аъзои СААД дар бораи мусодираи амвол ба манфиати мубориза бар зидди коррупсия, маблағгузории терроризм ва дигар ҷиноятҳо, оид ба вазъи ҳарбӣ-сиёсии минтақаи амнияти дастаҷамъии Осиёи Марказӣ ва дар бораи вазъи таъмини амнияти ҳарбӣ муҳокима шуданд».
Зимнан, 21 октябр дар Тоҷикистон машқҳои васеи низомӣ таҳти унвони «Бародарии халалнопазир-2019» оғоз гардиданд, ки то 29 октябр идома меёбанд. Машқҳои мазкур дар доираи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва қарори қабулнамудаи сарони давлатҳои узви ин Созмон доир гардида истодаанд. «Мо дар доираи сафари расмии худ дар ин машқҳои муштарак иштирок менамоем», — зикр намуд раиси Кумитаи Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия оид ба мудофиа Владимир Шаманов дар суҳбати кӯтоҳ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма.
Дар охири ҷаласаи сайёр оид ба масъалаҳои баррасигардида ва масоили ҳамкории минбаъда қарорҳои тавсиявӣ қабул гардиданд.
Гуфтанист, ки ҷаласаи қаблии сайёри муштараки ҳамоҳангсозии раисони кумитаҳои мудофиа ва амнияти парлумонҳои давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва Комиссияи доимии ин Созмон оид ба мудофиа ва амният соли 2018 дар шаҳри Бишкек доир гардида буд.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз ҳайати меҳмонон аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангии шаҳри Душанбе дидан намуда, 29 октябр сафари онҳо бо боздид намудан аз яке аз қисмҳои низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом мерасад.