Дар Душанбе машваратҳои Тоҷикистон ва Россия оид ба масъалаҳои амниятӣ баргузор гардиданд

Октябрь 30, 2019 19:25

ДУШАНБЕ, 30.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи машваратии коршиносони дастгоҳҳои шӯроҳои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» Пайрав ҚОСИМ аз макони баргузории ҷаласаи машваратӣ иттилоъ медиҳад.

Машваратҳоро котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода ва котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Россия Николай Патрушев бо иштироки намояндагони як зумра вазорату идораҳои ду давлат баргузор намуданд.

Зимни машваратҳо масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкории дуҷониба дар мубориза бо терроризм, экстремизм ва ҷинояткории муташаккил, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир муҳокима шуданд.

Ҷонибҳо инчунин масъалаҳои марбут ба вазъ дар Афғонистон, тадбирҳои муқовимат бо таҳдиду чолишҳо, вазъ ва дурнамои рушди ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ, баланд бардоштани самаранокии ҳамкории Россия ва Тоҷикистонро дар соҳаи амнияти иттилоотӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Иштирокдорони машваратҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамоҳангсозии мавқеъҳои вазорату идораҳои манфиатдори Тоҷикистон ва Россияро оид ба масъалаҳои муҳими таъмини амният дар доираи СММ, СҲШ, ИДМ ва СААД идома диҳанд.

Аз рӯи натиҷаҳои машваратҳо котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода ва котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Россия Николай Патрушев Протоколи дахлдор ба имзо расониданд.

Октябрь 30, 2019 19:25

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид