Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон- 2019. Тирамоҳ» оғоз гардид

Октябрь 24, 2019 15:34

ДУШАНБЕ, 24.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон- 2019. Тирамоҳ» оғоз гардид.

Дар намоишгоҳ  ширкатҳо аз Тоҷикистон, Федератсияи Россия, Беларус, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Чин, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон  иштирок намуда, молу маҳсулоти худро дар соҳаҳои истеҳсоли автобус, трактор, лӯлаҳо, металлургия, соҳаи истеҳсолии кӯҳканӣ ва семент, саноати хӯрокворӣ ва саноати сабук ба намоиш гузоштанд.

Тавре муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Манзура Рустамова   ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ  70 ширкати хориҷиву ватанӣ беш аз сад намуд маҳсулоти истеҳсолнамудаи худро ба намоиш гузоштанд.

«Мақсад аз баргузории Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон- 2019. Тирамоҳ»- ин амалӣ намудани стратегияи миллии Тоҷикистон оид ба саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки он аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидааст. Инчунин  ба ин  восита мусоидат намудан ба рушди соҳибкорӣ,  дарёфти шарики ҳамкор, муаррифӣ намудани молу маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда ва рақобатпазир, созмон додани корхонаҳои муштарак ва ҷалби сармояҳои хориҷӣ барои соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти ҷумҳурист»,- гуфт Манзура Рустамова.

Бояд зикр намуд, ки аксарияти маҳсулоти ба намоиш гузошташуда аз ширкатҳои ватанӣ мебошанд.

Зимни суҳбат директори тиҷоратии ширкати «Амирӣ» Аҳлиддин Бобомуродов баён дошт, ки имрӯз маҳсулоти «Амирӣ» дар Тоҷикистон шарикони худро пайдо намуда,  дорои сифати хуб мебошад. Мақсад аз  иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ- ин дарёфти шарикони байналмилалӣ мебошад.

Ба гуфтаи Аҳлиддин Бобомуродов,  имрӯз ширкати «Амирӣ» дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон намояндагии худ ва  харидорони зиёде  дорад.

Соҳибкори  Ҷумҳурии Исломии Афғонистон  Башир Аҳмад зикр намуд, ки ӯ имрӯз дар ин намоишгоҳ бо маҳсулоти кишоварзиаш иштирок менамояд. Ҳадаф аз иштироки ӯ,  фурӯши маҳсулот ва пайдо намудани шарикони худ  дар ин самт мебошад.

«Маротибаи сеюм аст, ки ман дар  намоишгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, маҳсулоти худро ба намоиш мегузорам. Ман хеле шодам, ки дар ин ҷо шарикони худро пайдо кардам ва дар баробари фурӯши маҳсулоти худ инчунин метавонам аз Тоҷикистон маҳсулоти зарурӣ харида, ба Афғонистон барам. Бояд ҳаминро баён намоям, ки имрӯз ба маҳсулоти Тоҷикистон талабот  зиёд аст, зеро он дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ шудааст. Аз ин рӯ мо бисёр кӯшиш менамоем, ки маҳсулоти Тоҷикистонро  харидорӣ намуда, ба Афғонстон интиқол диҳем»,- гуфт Башир Аҳмад.

Дар намоишгоҳи мазкур сармоягузорони хориҷӣ, намояндагони Ҳукумат, корпусҳои дипломатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  иштирок намуданд.

Имрӯз  дар доираи намоишгоҳ  дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Реҷенсӣ»-и шаҳри Душанбе Бизнес-Форуми сеҷонибаи «Тоҷикистон-Беларус-Афғонистон» доир мегардад. Инчунин 25 октябр, соати 10:00, Бизнес-Форуми соҳибкорони ватанӣ ва иштирокчиёни намоишгоҳ дар толори хурди «Кохи Борбад» дар назар дошта шудааст.

Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»

Октябрь 24, 2019 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаккули сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлоли давлатӣ баррасӣ гардид
Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва Бонки рушди Авруосиё санади ҳамкорӣ ба имзо расониданд
«РАҚАМИКУНОНИИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ». Дар форуми байналмилалӣ 12 санади ҳамкорӣ имзо шуд
Дар Тоҷикистон нахустин коргоҳи истеҳсоли ранги хокавӣ барои хатҳои уфуқии роҳҳои мошингард ба истифода дода шуд
Дар шаш моҳи соли 2026 ҳаҷми гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон ба 10,2 миллион доллар расид
Тоҷикистон 85 фоизи аҳолиро бо маҳсулоти ғизоии ватанӣ таъмин мекунад
Аъзои ҳайати Фландрияи Подшоҳии Белгия бо фаъолияти «Шаҳри ҳушманд» шинос гардиданд
Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ ҳамкориро дар самти рушди сармояи инсонӣ ва рақамикунонӣ густариш медиҳанд
Агентии «Тоҷикстандарт» дар шаҳри Душанбе 110 кг маҳсулоти гуногуни ҳасибии пастсифат ва ғайристандартиро ошкор намуд
Тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист байни Тоҷикистон ва Муғулистон баррасӣ гардид
Пиряхҳоро аз обшавӣ бояд ҳифз намуд, — бардошт аз конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар Душанбе
Содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Чин баррасӣ шуд