Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон- 2019. Тирамоҳ» оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 24.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон- 2019. Тирамоҳ» оғоз гардид.
Дар намоишгоҳ ширкатҳо аз Тоҷикистон, Федератсияи Россия, Беларус, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Чин, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон иштирок намуда, молу маҳсулоти худро дар соҳаҳои истеҳсоли автобус, трактор, лӯлаҳо, металлургия, соҳаи истеҳсолии кӯҳканӣ ва семент, саноати хӯрокворӣ ва саноати сабук ба намоиш гузоштанд.
Тавре муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Манзура Рустамова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ 70 ширкати хориҷиву ватанӣ беш аз сад намуд маҳсулоти истеҳсолнамудаи худро ба намоиш гузоштанд.
«Мақсад аз баргузории Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон- 2019. Тирамоҳ»- ин амалӣ намудани стратегияи миллии Тоҷикистон оид ба саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки он аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидааст. Инчунин ба ин восита мусоидат намудан ба рушди соҳибкорӣ, дарёфти шарики ҳамкор, муаррифӣ намудани молу маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда ва рақобатпазир, созмон додани корхонаҳои муштарак ва ҷалби сармояҳои хориҷӣ барои соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти ҷумҳурист»,- гуфт Манзура Рустамова.
Бояд зикр намуд, ки аксарияти маҳсулоти ба намоиш гузошташуда аз ширкатҳои ватанӣ мебошанд.
Зимни суҳбат директори тиҷоратии ширкати «Амирӣ» Аҳлиддин Бобомуродов баён дошт, ки имрӯз маҳсулоти «Амирӣ» дар Тоҷикистон шарикони худро пайдо намуда, дорои сифати хуб мебошад. Мақсад аз иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ- ин дарёфти шарикони байналмилалӣ мебошад.
Ба гуфтаи Аҳлиддин Бобомуродов, имрӯз ширкати «Амирӣ» дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон намояндагии худ ва харидорони зиёде дорад.
Соҳибкори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Башир Аҳмад зикр намуд, ки ӯ имрӯз дар ин намоишгоҳ бо маҳсулоти кишоварзиаш иштирок менамояд. Ҳадаф аз иштироки ӯ, фурӯши маҳсулот ва пайдо намудани шарикони худ дар ин самт мебошад.
«Маротибаи сеюм аст, ки ман дар намоишгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, маҳсулоти худро ба намоиш мегузорам. Ман хеле шодам, ки дар ин ҷо шарикони худро пайдо кардам ва дар баробари фурӯши маҳсулоти худ инчунин метавонам аз Тоҷикистон маҳсулоти зарурӣ харида, ба Афғонистон барам. Бояд ҳаминро баён намоям, ки имрӯз ба маҳсулоти Тоҷикистон талабот зиёд аст, зеро он дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ шудааст. Аз ин рӯ мо бисёр кӯшиш менамоем, ки маҳсулоти Тоҷикистонро харидорӣ намуда, ба Афғонстон интиқол диҳем»,- гуфт Башир Аҳмад.
Дар намоишгоҳи мазкур сармоягузорони хориҷӣ, намояндагони Ҳукумат, корпусҳои дипломатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Имрӯз дар доираи намоишгоҳ дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Реҷенсӣ»-и шаҳри Душанбе Бизнес-Форуми сеҷонибаи «Тоҷикистон-Беларус-Афғонистон» доир мегардад. Инчунин 25 октябр, соати 10:00, Бизнес-Форуми соҳибкорони ватанӣ ва иштирокчиёни намоишгоҳ дар толори хурди «Кохи Борбад» дар назар дошта шудааст.
Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»










Истгоҳи обуҳавосанҷии Горбунов дар пиряхи «Тоҷикистон» навсозӣ карда мешавад
ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Чӣ гуна ташаббуси Президенти Тоҷикистон зеҳни сунъиро ба рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ ворид кард
Ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳро бештар намоем. Шарҳи коршинос
Ҳаҷми маблағгузории Фонди иқлими сабз барои Тоҷикистон ба 235 миллион доллар расидааст
Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МАЪРИФАТ ВА ФАРҲАНГИ ЭКОЛОГӢ». Он ба баланд бардоштани фарҳанги экологии аҳолӣ равона шудааст
Тоҷикистон дар COP31 таъсиси платформаи минтақавии инноватсияҳои «сабз»-ро дар Осиёи Марказӣ пешниҳод намуд
Директори Агентии авиатсияи гражданӣ Ҳабибулло Назарзода дар Ассамблеяи 43-юми ИКАО дар шаҳри Монреали Канада иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Фонди ОПЕК дар самти ҳифзи муҳити зист густариш меёбад
Дар Кӯлоб таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Тоҷикистон ва ИМА таъсиси Шурои муштараки кориро баррасӣ намуданд
Дар Павилиони миллии Тоҷикистон дар COP31 чорабинии минтақавӣ баргузор гардид






