Дар Хуҷанд барои рӯзноманигорон дар самти пешгирии зӯроварӣ ва хушунат озмун доир мегардад

Октябрь 31, 2019 08:30

ДУШАНБЕ, 31.10.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва дафтари матбуоти Раиси шаҳр дар чорчӯбаи Барномаи давлатӣ «Оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» барои рӯзноманигорони вилоят озмуни беҳтарин мақола (рӯзнома, сомона), гузориш ва ё барномаи телевизионӣ, ролики иҷтимоӣ ва акси беҳтарин дар самти пешгирии зӯроварӣ ва хушунатро эълон менамояд.

Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар озмуни мазкур рӯзноманигорон новобаста аз шакли моликият ва ҷойи кор иштирок карда метавонанд. Далелу рақамҳои мавод ҳатман воқеъӣ ва рӯзмаррабояд бошанд. Маводи озмун бояд то 1 декабри соли равон бо ишора ба Озмун нашр ва нусхаи он ба комиссияи озмун пешниҳод карда шавад.

Бояд гуфт, ки  озмун аз рӯйи чор номиннатсия-беҳтарин мақола, гузориш, ролики тарғиботӣ ва акс натиҷагирӣ карда мешавад.

Ҳадафи озмун, пеш аз ҳама, муайян намудани кормандони беҳтарини расонаҳои хабарии вилоят ва журналистони ҷавон, ки дар инъикоси маводи марбут ба мубориза бар зидди хушунат, зӯроварӣ дар оила, гендер ва инчунин ба мардум фаҳмонидани он фаъолона ширкат меварзанд, мебошад. Ҳамзамон сари вақт хабардор кардани ҷомеа аз раванди қонунгузории мамлакат доир ба баробарҳуқуқии зану мард, баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа, пешгирии ҳуқуқпоймолкунӣ нисбат ба занон ва проблемаҳои дорои аҳамияти махсуси иҷтимоӣ, ҳамзамон ҷалби таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба масъалаҳои ҳалталаби гендерӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки озмун аввали моҳи декабри соли равон дар анҷоми маъракаи «16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат» ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоту Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд қадрдонӣ мегарданд.

 

Октябрь 31, 2019 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд