Вазирони корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар Москва мулоқот намуданд

Октябрь 9, 2019 16:51

ДУШАНБЕ, 09.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 9 октябр дар доираи сафари корӣ вобаста ба  баргузории ҷаласаи Мушовараи муштараки вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Россия мулоқоти  Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  генерал- полковники милитсия Рамазон Раҳимзода  бо Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия, генерали политсия Владимир Колоколтсев  баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати  корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар мулоқот  масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, дастгир намудани шахсони дар ҷустуҷӯ қарордошта, инчунин авфи муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар рӯйхати маҳдудияти воридот ба Федератсияи Россия дохил шудаанд, дар доираи қонун муносибат   намудани кормандони политсияи  Федератсияи  Россия нисбат ба   шаҳрвандони тоҷик  ҳангоми азназаргузаронии ҳуҷҷатҳои онҳо ва дигар мавзӯъҳои  ба он марбут  баррасӣ  гардиданд.

Дар фарҷоми  вохӯрӣ Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  вобаста ба кумакҳои моддию  техникии ВКД Россия ба Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия изҳори миннатдорӣ намуд.

Ёдовар мешавем, ки  8 октябр  дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия бо иштироки Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ва Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия Владимир Колоколтсев ҷаласаи Мушовараи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии ду давлат баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур аз ҷониби вазирони ҳар ду давлат  нақшаи кори  вазоратҳои корҳои дохилии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  соли 2020 тасдиқ гардид. Ҳамчунин дар доираи мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Ҳамчунин дар ҷаласаи мазкур  масъалаҳои таҳким бахшидани ҳамкории байни воҳидҳои тафтишотии вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, густариши равобити  мақомоти корҳои дохилӣ ҳангоми тафтишоти пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ, инчунин андешидани тадбирҳо дар самти такмил додани ҳамкорӣ  зимни пешгирӣ, муайян ва ошкор кардани ҷиноятҳои вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъадори гурӯҳи афюн мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Октябрь 9, 2019 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид