Дар Қоҳира машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Миср баргузор гардиданд

Октябрь 4, 2019 14:21

ДУШАНБЕ, 04.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 3 октябр дар Қоҳира даври навбатии ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арабии Миср зери роҳбарии муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ ва муовини вазири корҳои хориҷии Миср Ҳонӣ Салим баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳайатҳои ду давлат  масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Миср дар заминаҳои гуногун ва ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ намуда, перомуни мавзӯъҳои муҳими минтақавию байналмилалии мавриди эҳтимоми муштарак табодули афкор карданд.

Дар ройзаниҳои сиёсӣ омодагӣ ва рағбати тарафайн ба густариши бештари муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ду давлат дар ҳамаи соҳаҳо таъкид гардид.

АКС: ВКХ ҶТ

Октябрь 4, 2019 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Женева афзалият дар самти рушди устувори шаҳрҳо дар Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Шри-Ланка мулоқот намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири барқ, об ва энергияи таҷдидпазири Кувайт мулоқот кард
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» дар Тоҷикистон дар расонаҳои иттилотии Аморот инъикос ёфт
Моҳи майи соли 2027 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба оғози Даҳсолаи таҳкими сулҳ баргузор мешавад
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии энергетикаи Покистон мулоқот намуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи маориф баррасӣ шуд
Шараф Шерализода бо ҳамраисони иҷроия ва аъзои Шурои директорони Палатаи муштараки савдои Швейтсария мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаи 32-юми Шурои IRENA иштирок намуд
Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо тоҷикони Канада мулоқот намуд