Дар Тоҷикистон се соли охир дар саноати хӯрокворӣ истеҳсоли зиёда аз 56 намуди нави маҳсулоти ғизоӣ ҷорӣ гардид. 14 октябр-Рӯзи ҷаҳонии стандартҳо

Октябрь 14, 2019 14:40

ДУШАНБЕ, 14.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар мулоқот бо кормандони соҳаи саноати мамлакат  изҳор доштанд, ки танҳо се соли охир дар саноати хӯрокворӣ истеҳсоли зиёда аз 56 намуди нави маҳсулоти ғизоӣ ҷорӣ карда шуд.

Бояд зикр кард, ки истеҳсол ва воридоти маҳсулоти озуқаворӣ масъалаи бисёр муҳими вобаста ба солимии аҳолӣ ва генофонди он мебошад.

Ба таъкиди Сарвари давлат, дар баробари ин зарур аст, ки ба сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда, мутобиқати он ба стандартҳои байналмилалӣ ва ғизонокиву фоиданокии он диққати аввалиндараҷа дода шавад.

«Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Агентии “Тоҷикстандарт” ва дигар мақомоти дахлдор вазифадоранд, ки ҷиҳати таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти саноати хӯрокворӣ, афзун намудани ҳаҷми содироти маҳсулоти соҳа тавассути ҷорӣ намудани сертификатсиякунонии байналмилалӣ ва ба меъёрҳои муосир мутобиқ гардонидани низоми сифати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ба Ҳукумати мамлакат зарур аст, ки минбаъд таҷрибаи истифодаи фишангҳои иқтисодии ҳавасмандкуниро барои рушди соҳаҳои саноати хӯрокворӣ ва дигар соҳаҳои дахлдор ба таври васеъ татбиқ намояд.

Барои ҳавасманд намудани фаъолият дар самти истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ, рушди соҳаи парандапарварӣ ва моҳипарварӣ, истеҳсоли хӯроки чорво, моҳӣ ва паранда низ имтиёзҳои андозиву гумрукӣ ҷорӣ карда шуданд. Илова бар ин, соли равон воридоти чорвои зотӣ ва гӯштӣ аз боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод карда шуд»,-иброз доштанд Пешвои миллат.

Ин дар ҳолест, ки ҳамасола 14 октябр Рӯзи ҷаҳонии стандартҳо таҷлил карда мешавад. Ин санаи байналмилалӣ одамонро даъват мекунад, ки таваҷҷуҳашонро ба муҳимияти таҳияи стандартҳои ягона ва ба назар гирифтани саҳми даҳҳо ҳазор мутахассисон, ки ҳаёт ва таҷрибаи тахассусии худро ба ин кори басо муҳим ва масъул бахшидаанд, ҷалб намоянд.

Дар Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар нуҳ моҳи соли равон бори аввал аз ҷониби соҳибкорони масъулиятшинос ба Агентӣ барои нобудсозии маҳсулоти ғизоии муҳлати истеъмолиашон гузашта дархост ворид шудааст. Ин, албатта, натиҷаи гузаронидани вохӯрӣ ва машваратҳо бо истеҳсолкунандагон, фурӯшандагон ва соҳибкорони воридкунандаи молу маҳсулот мебошад.

Аз ҷумла, вобаста ба дархост дар ин давра 15595 литр нӯшокиҳои муҳлати истифодаашон гузаштаи тамғаҳои «Коко-кола», «Фанта», «Спрайт» аз ширкати тиҷоратии «Мегаполис», 5940 литр нӯшокиҳои нерубахши «Карабао» аз ҶДММ  «Осиё  Стандарт»,  4662 литр нӯшокиҳои ғайриспиртӣ аз ҶДММ «Акваджус», 2470 кг маҳсулоти хӯрокӣ аз ҶДММ «Шивер Тоҷикистон», 11363 кг хӯрокӣ аз ҶДММ «Реал Трейдинг», 1644 кг ғизои кӯдакона ва панир 244 кг аз ҶДММ «Рӯшон» ва ба миқдори 3800 кг вафлии хушк аз ҷониби ҶДММ «Марям Мухторпур» 8 кг чойи хушк ва қаҳва 10 кг аз ҶДММ «Армэл» тибқи тартиби муқарраргардида нобуд карда шуданд.

Ба иттилои манбаъ, дар нуҳ моҳи соли 2019 дар 2949 ҳолат ба миқдори 2 116 799 кг маҳсулоти ғизоии гуногуни пастсифат ба қайд гирифта шудаанд, ки як қисми ин маҳсулот аз ҷиҳати бехатарӣ (1 335 635  кг) ва қисми дигари он аз рӯи тамғагузорӣ дар борҷомаашон (781 163 кг) ба талабот ҷавобгӯй набуданд. Нисбат ба воридкунандагону истеҳсолкунандагони ин маҳсулот тибқи тартиби муқарраргардида тадбирҳои маъмурӣ андешида шуданд.

Дар озмоишгоҳҳои ташхисии маҳсулоти ғизоии Агентӣ аз рӯи сифату бехатарӣ ва тамғагузорӣ 700 024 кг маҳсулоти гӯштӣ, 185 586 кг равғани растанӣ, 20 360 литр нӯшокиҳои спиртӣ, 513 085 литр нӯшокиҳои ташнашикан, 57 588 кг маҳсулоти қаннодӣ, 3 231 кг маҳсулоти ширӣ, 33 712 кг чой, какао, қаҳва, 43 411 кг иловагиҳои ғизоӣ, 92 205 кг намак, 3 791 кг консерваҳо, 8 140 кг қанду набот, 272 кг маҳсулоти макаронӣ, 192 008 кг орди гандумӣ, 184 350 кг меваи хушк, 307 578 дона қандакҳои хитойӣ, 30 013 дона тухми мурғ ва дигар маҳсулот, ки қисми зиёдашон маҳсулоти воридотӣ ба ҳисоб мераванд, ғайристандартӣ дониста шуданд.

Миқдори маҳсулоти  ғайристандартии  дар марказҳои ташхисӣ
дар 9 моҳи соли 2019 ташхисшуда нисбат ба 9 моҳи соли 2018

(Ҳаҷм/кг)

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Аз ҷониби нозирони нозироти савдо дар нуҳ моҳи соли 2019 маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ, аз ҷумла, масолеҳи сохтмонӣ–64 609 кг, фурӯзонакҳои тафсон – 2887 дона, фурӯзонакҳои каммасраф – 4445 дона, бозичаҳо–59 218 дона, ноқил–40 192 метр (аз рӯи ташхис), тамоку 10 782 кг, тахта — 121 м3, матоъ — 721 м, дафтар – 8 476 дона, китоб – 300 дона, либоси мактабӣ – 250 ҷуфт, ки ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ ҷавобгӯй набуданд, ошкор ва аз муомилот гирифта шуда, тибқи тартиби муқарраршуда ба коркарди дубора ҳамчун хӯроки чорво ё несту нобудсозӣ равона  карда шудаанд.

Бо мақсади таъмини риояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ва ҳимояи  бозори истеъмолӣ оид ба воридшавии маҳсулоти ғайристандартӣ  дар  доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» аз тарафи нозирон дар қаламрави ҷумҳурӣ дар 7040 субъекти хоҷагидор санҷиш ва назорати қоидаҳои савдо (хизматрасонӣ) гузаронида шуд. Дар ин замина барои вайрон кардани қоидаҳои савдо, фиреб додани истеъмолкунандагон ва риоя накардани талаботи қонунгузории соҳа аз тарафи нозирон дар 6691 ҳолат ба маблағи умумии 1 562 635 сомонӣ қарорҳо оид ба бастани ҷаримаи маъмурӣ бароварда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 ба миқдори 1975 ҳолат ба маблағи 330 085 сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳаҷми умумии маблағи ҷаримаҳо дар нуҳ моҳи
солҳои 2017-2019 (ҳаз. сомонӣ)

                          2017                               2018                          2019

Бо мақсади ҳимояи бозори истеъмолӣ аз воридоти бозичаҳои пластикии бесифат ва хатарнок нозирони Агентӣ дар бозорҳо ва нуқтаҳои савдо санҷиш гузаронида, ба миқдори 59 218 дона бозичаҳои ба тариқи қочоқ ба қаламрави мамлакат воридшударо аз муомилот гирифтанд. Нисбат ба воридкунандагон ва соҳибкороне, ки ин бозичаҳоро бе ҳуҷҷати тасдиқкунандаи сифат ва бехатарӣ ба муомилот баровардаанд, мутобиқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ чораҳо амалӣ шуда, айни замон корҳо дар ин самт идома доранд.

Ҳамзамон дар ин давра дар 11 корхона аудити инспексионӣ ва дар 129 корхона нисбат ба 283 нафар намояндагони корхонаҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ  тибқи нақшаи тасдиқгардида дарсҳои омӯзишӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар масоили истифодаи стандартҳои байналмилалии силсилаи ИСО 9000 (ИСО 9001, ИСО 22000, ИСО 14001, ИСО 18001 ва низоми «НАССР»,) гузаронида шуд, ки ин назар ба ҳамин давраи соли гузашта 106  корхона зиёд мебошад.

Дар маҷмӯъ то ба имрӯз дар 272 корхонаю ташкилоти ватанӣ ҷорӣ намудани низоми идоракунӣ ва корҳои сертификатсионӣ тибқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ ба сомон расонида шудаанд.

Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»

Октябрь 14, 2019 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Пажуҳишгоҳи амрикоии «Gallup» Тоҷикистонро аз лиҳози амнияту субот дар ҷойи сеюм қарор дод
Ҷаласаи Шурои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисории кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд
Дар шаҳри Ҳисор дар майдони беш аз 7500 гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида шуд
Бонки миллии Тоҷикистон: «Ба шахсони бегона маълумоти шахсии худро надиҳед»
Аз ҷониби сармоягузорони Чин ба иқтисодиёти Тоҷикистон 2,6 миллиард доллар сармоя ворид шудааст
Кишоварзони ноҳияи Лахш беш аз 75 ҳазор тонна картошкаи хушсифат истеҳсол намуданд
Дар Тоҷикистон беш аз 2 миллион тонна ангишт истихроҷ гардидааст
Барномаи рушди соҳаи механиконии инноватсионии кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Бонки миллии Тоҷикистон вазъи бозори дохилии асъор ва сиёсати қурбиро шарҳ дод
Раёсат дар Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025 ба ҷониби Тоҷикистон гузашт
Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ: «Тоҷикистон аз ҳисоби афзоиши теъдоди ҷаҳонгардон ба мамлакат дар зинаи сеюм қарор гирифт»
Аз шаҳри Душанбе ба самти Давҳа парвозҳо оғоз гардиданд