Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бар дастаи Баҳрайн ғалаба кард

Октябрь 1, 2019 08:55

ДУШАНБЕ, 01.10.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё дар шаҳри Манама-пойтахти Баҳрайн бар дастаи мунтахаби футзали ин кишвар бо натиҷаи 3:2 ғалаба кард. Тавре сомонаи расмии ФФТ хабар медиҳад, тӯбҳоро дар ин бозӣ Рустам Ҳамидов, Собир Гулаков ва Баҳодур Хоҷаев ба нишон расониданд. Ин вохӯрии дуввуми дастаҳо буда, як рӯз пеш футбзалистони тоҷик  бо ҳамин натиҷа дар бозии аввал низ ғолиб омада буданд. 

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё дар гурӯҳи “А” якҷоя бо дастаҳои мунтахаби Непал (23 октябр), Афғонистон (24 октябр) ва Ӯзбекистон (25 октябр) барои ду роҳхат ба Чемпионати Осиё мубориза мебарад. Бозиҳои интихобӣ дар шаҳри Урумияи Ҷумҳурии Исломии Эрон доир хоҳанд шуд.

Сармураббии нави дастаи мунтахаби Тоҷикистон Деян Дедовичи серб дар бозиҳои таҷрибавӣ бозингарони зеринро имтиҳон кард:

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов, Муродулло Алиқулов (ҳарду аз «Соро компания»);

Бозингарон: Дилшод Саломов, Шавкат Ҳалимов, Парвиз Раҳматов, Иқбол Воситзода, Баҳодур Хоҷаев (ҳама аз «Сипар»), Раҳмоналӣ Шарифов, Муҳаммадҷон Шарифов, Файзалӣ Сардоров, Умед Қузиев, Собирҷон Гулаков (ҳама аз «Соро компания»), Қувватбек Равшанбеков («Помир»), Рустам Ҳамидов («Сан Сити», Қирғизистон).

Октябрь 1, 2019 08:55

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид