ҲХДТ ба ҷавонон ҳамчун ба неруи ояндасози давлати соҳибистиқлол эътимод дорад

Октябрь 18, 2019 09:40

ДУШАНБЕ, 18.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ҳизби  Халқии  Демократии Тоҷикистон ба масъалаи тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намуда, ба ин қишри ояндасози ҷомеа ҳамчун ба неруи ояндасози давлати соҳибистиқлол эътимод дорад. Ин нукта дирӯз дар маҷлиси Кумитаи  иҷроияи  Ҳизби  Халқии  Демократии Тоҷикистон (КИ ҲХДТ) дар ноҳияи Шоҳмансур  таъкид гардид.

Дар кори маҷлис Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Зулфиқор Гулаҳмадзода, муовини Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Дилбар Абдураҳимова, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳром Абдуалимов, кормандони Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳия, баъзе раисони кумитаву ташкилотҳои ибтидоӣ ва аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» иштирок намуданд.

Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои маҷлиси Кумитаи марказии ҲХДТ ва қарорҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе маълумот дод.

Баъдан аз рӯйи масъалаҳои рӯзномаи маҷлис комиссияҳои доимӣ ҳисобот доданд.

Раиси Комиссияи доимии кор бо матбуот, тарғибот ва фарҳанг Латофат Назирӣ зимни ироаи ҳисобот тазаккур дод, ки яке аз самтҳои афзалиятнок ва муҳими фаъолияти ҳизб- ин таблиғоти ҳадафрас ба шумор меравад.

«Бо мақсади вусъат бахшидани фаъолияти ҳизбӣ ва расонидани ҳадафу мақсадҳои созандаи ҲХДТ дар назди Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб комиссияи доимии кор бо матбуот, тарғибот ва фарҳанг фаъолият менамояд. Нашрияҳои ҳизбӣ ягона минбаре мебошанд, ки фаъолияти дохилиҳизбӣ ва муваффақиятҳои кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ инъикос мегарданд», — гуфт Л. Назирӣ.

Ҳамчунин зикр гардид, ки солҳои охир нашрияҳои ҳизбии «Минбари халқ» ва «Мароми пойтахт» нашрияҳои сермутолиатарин ба ҳисоб мераванд. Аз ҷониби аъзои Комиссияи доимии кор бо матбуот, тарғибот ва фарҳанг мақолаву изҳорот дар сомонаҳои интернетӣ пайваста нашр гашта, масъалаи мазкур ҳамеша таҳти назорати комиссия қарор дорад.

«Дар марҳилаи кунунӣ сомонаҳои иҷтимоӣ майдони муборизаҳои иттилоотӣ гардидаанд ва дар ин самт низ сомонаву саҳифаи интернетии КИ ХҲДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар самти иттилоърасонии корҳои дохилиҳизбӣ ва вокунишҳои сазовор додан ба гурӯҳҳои иғвоангезу ҳангомаҷӯ фаъол аст», — ҳисобот дод Л. Назирӣ.

Раиси Комиссияи доимии кор бо занон ва оилаи назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Ширин Исматуллозода зикр кард, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни сокинони пойтахт оид ба шарҳу тавзеҳи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи маориф», «Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», тарғиби фарҳанги миллӣ ва пешгирии хушунат дар оила дар байни бонувон якчанд мулоқоту вохȳрӣ ва чорабиниҳои гуногунро роҳандозӣ намуд.

Аз ҷумла, ӯ тазаккур дод, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маънавии ҷавондухтарон, тарбияи инсони комил ва ба ин васила омода намудани кадрҳои ҷавони дорои қобилияти суханварӣ, эътиқоди идеологӣ ба сиёсати имрȳзаи давлату Ҳукумат ва ҲХДТ, садоқат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки 100 нафар фаъолзанону бонувон мактаби хониши сиёсии «Бонувон дар сиёсат» аз январи соли 2019 ба роҳ монда шудааст.

«Ҳамзамон дар мавзȳъҳои «Оқибатҳои ниқоҳи хешутаборӣ, хушунат дар оила», «Ҳиҷоб наметавонад баёнгари маданияту иффати зани тоҷик бошад», «Дар якҷоягӣ ба зӯроварӣ хотима медиҳем» дар ноҳия бо ҷалби доираи васеи аҳли ҷомеа мулоқоту суҳбатҳо баргузор гардиданд», — гуфт Ш. Исматуллозода.

Вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур Бибираҷаб Воҳидова оид ба фаъолияти вакилии худ ҳисобот дода, зикр кард, ки ҲХДТ дар бахши сиёсати иҷтимоии худ доир ба рушди илму маориф саъю талош мекунад, ки дастовардҳои илмӣ давра ба давра дар амал татбиқ карда шаванд. Дар меҳвари сиёсати барномавии ҲХДТ оид ба илму маориф, пеш аз ҳама, дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати куҳанбунёди тоҷик тарбия намудани насли навраси кишвар бештар таваҷҷуҳ зоҳир гардидааст.

«ҲХДТ ба масъалаи тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намуда, ба ин қишри ояндасози ҷомеа ҳамчун ба нерӯи ояндасози давлати соҳибистиқлол эътимод дорад. Яке аз омилҳои дар ниҳоди насли ҷавон бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихор доштан аз давлатдории навини худ ва ҳимояи марзу буми он ин адо намудани хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад», — изҳор дошт Б. Воҳидова.

Ба иттилои вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур, дар давраи даъвати баҳорӣ ва тирамоҳӣ дар ҳамдастӣ бо раисони маҳаллаҳо ва фаъолони маҳалла бо сокинон ва волидони даъватшавандагон суҳбату вохӯриҳо гузаронида шуда, нақшаи даъвати баҳорӣ саривақт иҷро карда шуд. Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати омодагиҳо ба мавсими тирамоҳу зимистон гурўҳи корӣ аз ҳисоби вакилони ноҳиявӣ, кормандони шабакаи гармидиҳӣ, идораи истифодабарии манзил, намояндагони соҳаи маориф ва раисони маҳаллаҳо ташкил карда шуд.

Дар идомаи маҷлис муовини Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Дилбар Абдураҳимова, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳром Абдуалимов оид ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ ва қарорҳои маҷлиси Кумитаи иҷоияи Марказии ҲХДТ ва кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, оид ба масоили набзи ҷомеа, мавзӯъҳои мубрам, баланд бардоштани мавқеъ ва нуфузи ҲХДТ дар ҷомеаи кишвар, омодагӣ ба маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистода, сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва амсоли инҳо сухан гуфтанд.

Аз рӯйи масъалаҳои рӯзномаи маҷлис қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Дар фарҷом ба як қатор фаъолони ҳизб сипосномаву ифтихорномаҳо, ба ғолибони озмуни «Ташкилоти ҳизбии маҳаллаи беҳтарин» ва ғолибони озмунҳои ноҳиявӣ миёни ҷавонон диплому туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.

 

Акрамхоҷа АКБАР,
Тоҳирҷон САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Октябрь 18, 2019 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар канори роҳи Душанбе–Чанок корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ идома доранд
Оид ба нақши занон дар низоми адолати судӣ конфронси байналмилалӣ баргузор шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон лоиҳаи 37 санади меъёрии ҳуқуқиро мавриди омӯзиш қарор додааст
Бунафша Файзиддинзода: «Бо вуҷуди коҳиши бекоршавии ақди никоҳ ҳалли ин масъала таваҷҷуҳи доимиро тақозо мекунад»
ОГОҲӢ! Аз 16 то 19 июл дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои дарёфти гранти Президенти Тоҷикистон дар соли 2026 аз ҷониби занон 945 лоиҳа пешниҳод шудааст
ЭҲТИЁТ АЗ НУРҲОИ БАЛАНДИ ОФТОБ! Ҳангоми гармои шадид саломатиро чӣ тавр бояд ҳифз намуд?
Дар «Чангоб» 220 нафар кӯдакони ятими кулл, нимятим ва аз оилаҳои камбизоат ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Тоҷиксуғурта» ба шаҳрвандон ва ташкилот беш аз 1,1 миллион сомонӣ ҷуброни суғуртавӣ пардохт намуд
Президенти Тоҷикистон: «Сифати таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳанӯз ба талабот пурра ҷавобгӯ нест»
Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ пурра бо китобҳои дарсӣ таъмин мебошанд
Дар Душанбе беш аз 13 ҳазор нафар ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул гардиданд