Имрӯз фалак на танҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ, балки дар сатҳи байналмилалӣ мавқеи хосса пайдо намудааст

Октябрь 10, 2019 14:45

ДУШАНБЕ, 10.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар Тоҷикистон 10 октябр Рӯзи фалак таҷлил мегардад. Дар ин рӯз бо иштироки ҳунармандон ва ҳаводорони ин намуди мусиқӣ ва санъати нотакрори тоҷикӣ барномаҳои фарҳангӣ доир мегарданд. Бояд гуфт, ки фалак дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат аз сари нав эҳё гардида, рушд кард ва на танҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ, балки дар сатҳи байналмилалӣ мавқеи хосса пайдо намуд.

Дар робита ба таърихи пайдоиш, арзи ҳастӣ ва рушди ин ҳунари мусиқӣ хабарнигори АМИТ «Ховар» Умед ЛОИҚЗОДА бо ноиби ректор оид ба таълими Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов Саъдулло КАРИМОВ ҳамсуҳбат шуд.

АМИТ «Ховар»: Ҳамасола таҷлили Рӯзи фалак дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон хуб ба роҳ монда шуда, аз ҷониби донишҷӯёну устодони ин боргоҳи ҳунар барномаҳои ҷолиб манзури тамошобинон гардонида мешаванд. Ин, албатта, бозгӯи равнақи ин жанри мусиқии асили тоҷик аст. Назари Шумо дар мавриди густариши ин жанри мусиқӣ чист?

Саъдулло Каримов: Жанри фалак худ як падидаи мусиқии кӯҳистон аст. Ба назар мерасад, ки сол аз сол таваҷҷуҳи ҳам омӯзандагон ва ҳам мухлисон ба он меафзояд. Дар Рӯзи фалак аз тарафи устодону донишҷӯёни ин жанр барномаҳои фарҳангӣ низ пешкаши тамошобинон карда мешаванд. Дар ин гуна барномаҳо донишҷӯёни мо фаъолона иштирок мекунанд. Ҳамасола дар арафаи таҷлили Рӯзи фалак Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов омодагиҳои хуб мебинад. Муддати панҷ сол мешавад, ки дар Консерватория анъанаи “Шоми фалакхонӣ” ба роҳ монда шудааст. Инчунин дар инҷо суннати силсилахонӣ низ эҳё гардида истодааст. Омӯзгорону донишҷӯён силсилаи мураккаби  созию овозӣ иҷро мекунанд ва манзури тамошобинон мегардонанд. Ҳамасола дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон довталабон ва сафи онҳое, ки мехоҳанд ҳунари фалакхонӣ дошта бошанд, бештар мегардад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мавқеи жанри фалак дар ҷомеаи мо бузург буда, табиист, ки таъсири он ба насли ҷавон мерасад. Ин жанрест, ки ҳам дар байни ҷавонон ва калонсолон, инчунин дар тамоми ҷашну маросими суннативу миллии мардуми мо истифода мешавад, яъне суруда мешавад. Ин жанре нест, ки танҳо дар як фаслу як моҳи хосса ё дар як ҷашн истифода шавад, балки дар ҳама гуна ҷашнвораҳо ҳунарманд метавонад тавассути қолабу оҳангҳои фалак ғазалхониву рубоихонӣ кунад. Тавассути ҳамин гуна барномаҳои фарҳангие, ки дар Консерватория баргузор мегарданд, мо симоҳои нав пайдо мекунем. Ва ин чеҳраҳои нав ҳамасола рӯи кор меоянд. Донишҷӯёни мо дар баробари таҳсил инчунин дар ансамблҳои давлатии “Шашмақом” ва “Фалак”  фаъолият мекунанд. Ин, албатта, мояи ифтихори мо ҳам ҳаст, ки дар вақти донишҷӯӣ шогирдони моро ба кор қабул мекунанд. Ва ин гуна  наврасону ҷавонони фалакхон, ки зодаи даврони Истиқлолият мебошанд, муаррифӣ мегарданд.

АМИТ «Ховар»: Матни сурудҳои фалакӣ ба кадом жанри шеърӣ мансуб аст, яъне фалакхонон бояд аз кадом жанри шеърӣ истифода баранд?

Саъдулло Каримов: Дар суннати фалакхонӣ бештар аз ғазалу рубоӣ ва дубайтӣ истифода мешавад. Асарҳои силсилавии мо бештар ба ғазалхонӣ такя мекунанд. Он асарҳое, ки якқисма ҳастанд, ба мисли фалаки даштиву фалаки сафарӣ ё фалаки роғӣ, инҳо бештар ба рубоихонӣ такя мекунанд. Дар маҷмӯъ рубоиву ғазал ва дубайтӣ истифода карда мешаванд. Ақидаи бархе аз  олимон оид ба он ки дар фалакхонӣ бояд танҳо дубайтиву рубоӣ суруда шавад, билкул хато аст, чунки дар доираи бузурги фалакхонӣ ҳамаи он силсилаҳои наве, ки иҷро шудаву то ба имрӯз омада расидаанд, дар заминаи ғазал ба вуҷуд омадаанд.

АМИТ «Ховар»: Дар миқёси ҷаҳонӣ тарғибу шинохти мусиқии суннатии тоҷик, аз ҷумла жанри фалак дар чӣ ҳолат қарор дорад ва ба  он чӣ гуна баҳогузорӣ мешавад?

Саъдулло Каримов: Фалак дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат аз сари нав эҳё гардида, рушд кард. Он имрӯз на танҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ, балки дар сатҳи байналмилалӣ мавқеи хосса пайдо кардааст. Агар мо ба истифодаи фалак дар репертуари композиторон ва эҷодиёти санъаткороне, ки ба эстрада сару кор доранд, таваҷҷуҳ кунем, пайванди онҳоро мебинем, яъне фалак-ҷаз, фалак ва мусиқии симфонӣ ва ғайра. Ин шаҳодати он аст, ки жанри фалак имрӯз дар арсаи байналмилалӣ дар сатҳи касбияти баланд қарор дорад. Дар баробари олимону мутахассисони соҳаи мусиқии ватанӣ инчунин олимону мутахассисони хориҷӣ низ ба жанри фалаки мо таваҷҷуҳ доранд. Мақолаву китобҳо ва симпозиумҳои байналмилалие, ки солҳои қаблӣ ва имрӯз гузаронида шуда истодаанд ва иштироки олимони хориҷи мамлакат далели ин гуфтаҳост.

АМИТ «Ховар»: Дар мусиқии тоҷик ду шакли фалаки аслӣ вуҷуд дорад: фалаки  роғӣ ва фалаки  даштӣ. Бигӯед, ки ин ду шакли фалак аз ҳамдигар чӣ тафовут доранд ва дар кадом мавридҳо хонда мешаванд?

Саъдулло Каримов: Тибқи пажӯҳиши олимону мусиқишиносон, маркази бузурги фалакхонӣ минтақаи Кӯлобу Бадахшон аст. Дар ин маконҳо ду самт ё ду сабки аслии фалакхонӣ дида мешавад. Яъне инҳо ду ҳавзаҳои бузурге ҳастанд, ки дар ин ҷо мактабҳои бузурги фалакхонӣ таърихан вуҷуд доштаанд. Бинобар ин вақте  мо ба таҳлили оҳангҳо назар мекунем, системаи лаҳнии онҳо як аст. Системаи лаҳнӣ бо номи “чормақом” маъруф аст, аммо иҷро, шева, сабки хониш каме фарқкунанда аст. Масалан, ин жанр дар минтақаи Кӯлоб фалаки даштӣ ном бурда мешавад ва дар минтақаи Бадахшон бо номи фалак. Фалаки роғӣ дар минтақаи Кӯлоб дида мешавад, вале ин намуд дар минтақаи Бадахшон нест.

Дар ин ҷо силсилаи фалаки роғӣ, дар он ҷо силсилаи фалаки мадҳия аст. Дар минтақаи Бадахшон фалаки рапо мегӯянд, дар минтақаи Кӯлоб уфар, яъне мизони асосии ҳамаи онҳо як аст. Системаи фалакҳо аз доираи “чормақом” берун намебарояд. Дар дигар минтақаҳо ҳам онро иҷро мекунанд, вале ҳамаи инҳо дар пайравии ду сабки фалак иҷро карда мешавад.

АМИТ «Ховар»: Тавре медонем, Шумо солҳо боз атрофи фалак асарҳо эҷод мекунед ва бо донишҷӯён атрофи ин жанр кор мебаред. Ба назари Шумо фалак дар замони Истиқлол чӣ гуна рушд кардааст?

Саъдулло Каримов: Тавре болотар ишора кардем, жанри фалак дар замони Истиқлолият эҳё ва рушд кардааст. Дар замони шӯравӣ  умуман ба фалак таваҷҷуҳ намекарданд. Дар даврони истиқлолият фалак на танҳо ба рӯи саҳна омад, балки ба низоми таълимӣ ворид гардид. Вақте жанре ба низоми таълимӣ ворид мегардад, албатта, паҳлуҳои он мавриди таҳқиқ қарор мегиранд. Сипас омӯхтаву омӯзонида мешавад. Бинобар ин дар ин давра ин қадар китобу дастурамал ва мақолаҳо нашр шуданду дар ҷумҳурӣ симпозиуму конфронсҳои байналмилалӣ баргузор гардиданд. Дар Консерваторияи миллӣ факулетети мусиқии суннатии тоҷик фаъолият дорад, ки донишҷӯён дар он таҳсил карда истодаанд. Дар ин факултет ду самти мусиқӣ: шашмақому фалак таълим дода мешавад.  Алабатта ин ҳама дастовардҳо дар даврони истиқлолият ба амал омаданд.

АМИТ «Ховар»: Аслан жанри фалак аз кадом давра ба мо расидааст?

Саъдулло Каримов: Таърихи жанри фалакро аз асри X пештар гуфта метавонем, ҳатто аз ин ҳам пештар. Иддае аз муҳаққиқон ҳатто аз асрҳои IX — X мегӯянд. Бархе олимон нақшҳоеро, ки аз деворҳои шаҳраки қадимии Ҳулбук ёфт шудаанд ва дар онҳо занҳо дар даст думбраву камонча ва ғиҷҷак доранд, далели ин гуфтаҳо медонанд. Яъне муаррихон мегӯянд, ки чун зану мардон дар даст асбоб доранду менавозанд,  пас маълум аст, ки аз ҳамон давраҳо ва боз ҳам пештар аз он фалак мавҷуд будааст.

АМИТ «Ховар»: Ба назари Шумо имрӯз барои рушд додани жанри фалак чӣ корҳоро бояд анҷом диҳем?

Саъдулло Каримов: Барои рушди минбаъдаи жанри фалак нахуст бештар таҳқиқоти густурда бояд анҷом диҳем, шаклҳои нави дигари фалакро пайдо кунем. Инчунин дар равияҳои мушаххаси фалакҳои аслӣ бояд асар эҷод карда, овозҳои нодирро пайдо кунем. Агар мо эҷод карданро ба донишҷӯён бештар талқин кунем ва натиҷаи кори худро ба мардум расонем, ин муваффақияти мо дар ҷодаи ҳам фалакхонӣ ва ҳам фалакнавозӣ мебошад. Аз ин рӯ мутахассисони моро мебояд, пеш аз ҳама, он намунаҳоеро, ки тӯли асрҳо ба мо расидаанд, мавриди омӯзиш қарор диҳанд.

Октябрь 10, 2019 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид