Истифодаи технологияи рақамӣ омили рушди низоми бонкист
ДУШАНБЕ, 04.10.2019/АМИТ «Ховар»/. Масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии молиявии аҳолии мамлакат дар мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ва коршиносони Бонки ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии мутахассиси калон оид ба соҳаи молияи Бонки ҷаҳонӣ Маргарет Миллер дар Душанбе баррасӣ гардид.
Аз Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки мусоҳибон ҳамзамон масъалаҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тавассути низомҳои пардохтии электронӣ, татбиқи технологияҳои муосир ва рушди бонкдории мобилӣ, зиёд гардидани миқдори суратҳисобҳо дар ташкилотҳои қарзиро матраҳ намуданд.
Бо дахли иштироки фаъолонаи коршиносони Бонки ҷаҳонӣ дар раванди таҳияи «Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода зикр кард, ки таҳияи стратегияи мазкур саривақтӣ буда, метавонад ба рушди минбаъдаи иқтисодиёти мамлакат нақши муассир гузорад. Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати фарогирии молиявии аҳолӣ пешниҳоди имтиёзҳо дар самти вусъати ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва татбиқи технологияҳои муосир дар низоми бонкӣ, ҷалби пасандозҳо, амонатҳо ва баланд бардоштани маърифатнокии молиявии мардумро амалӣ намуда истодааст.
Маргарет Миллер зикр кард, ки оғози раванди таҳияи «Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ» барои Тоҷикистон муҳим буда, истифодаи таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ба манфиат хоҳад буд. Маргарет Миллер аз сатҳи баланди истифодаи технологияҳои муосири мобилӣ дар Тоҷикистон изҳори хушнудӣ карда, таъкид намуд, ки татбиқи технологияи рақамӣ барои рушди низоми бонкӣ ва баланд бардоштани маърифатнокии молиявии аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.








Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1030 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад






