Мулоқоти кории намояндагони хадамоти махсус ва марзбонони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар Исфара

Октябрь 31, 2019 17:30

ДУШАНБЕ, 31.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 31 октябр дар шаҳри Исфараи вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи кории ҳайатҳои васеи намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо иштироки намояндагони хадамоти махсус ва марзбонони ду давлат  баргузор гардид.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Саймумин Ятимов ва Ҷумҳурии Қирғизистонро  Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон Орозбек Опумбаев  роҳбарӣ карданд.

Мавзӯи асосии мулоқоти ҳайатҳо таъмини амният дар минтақаҳои наздисарҳадии ҳарду давлат  буда, ҷонибҳо инчунин баланд бардоштани самаранокии ҳамкории байниидоравӣ дар мубориза бо зуҳуроти терроризм, экстремизм, инчунин фаъолияти ташкилотҳои байналмилалии террористиро баррасӣ карданд.

Пас аз анҷоми мулоқот ҷонибҳо доир ба зарурати таҳкими ҳамкорӣ дар таъмини амният дар сарҳади ду давлат ва муборизаи муштарак бо фаъолияти зараровари ташкилотҳои байналмилалии динӣ-экстремистӣ ва террористӣ, инчунин ҳизбҳои сиёсии мамнӯъ дар қаламрави ҳарду давлат ба мувофиқа омаданд.

Инчунин тасмим гирифта шуд, ки  барои кори самарабахши Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон шароити мусоид фароҳам оварда шавад.

Доир ба ҳамаи масъалаҳои баррасишуда ҷонибҳо ба мувофиқаи мутақобила ва ҳамдигарфаҳмӣ расиданд.

Октябрь 31, 2019 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд