«Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди соҳаҳои ҳуқуқ дар замони истиқлолият»-таҳти чунин унвон конференсияи илмӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 29.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол баробари қабули аввалин Конститутсияи худ озодӣ ва ҳуқуқи инсонро муқаддас ва бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ эълон карда, унсурҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандиро муайян намуд. Ин санади сарнавиштсози таърихӣ манфиатҳои олии миллат ва давлати соҳибистиқлоламонро инъикос намуда, ба омили муҳимтарини кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеа мубаддал гардид. Ин нукта имрӯз зимни баргузории конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ-«Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди соҳаҳои ҳуқуқ дар замони истиқлолият» таъкид гардид.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки конференсия бахшида ба 25-солагии рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Ҳамоиши илмиро президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, иштирокдоронро бо 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд. Сипас академик Маҳкам Маҳмудзода, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Раҳимзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, профессор Ҷ. Муртазозода, профессорон Э. Буризода, А. Абдуҷалилов ва дигарон сухан карданд.
Зикр гардид, ки 6 ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тақозои пешрафти замон, ҳифзи манфиатҳои давлатӣ ва миллӣ, таъмини рушди босуботи ҷомеа, мусоидат намудан ба тараққиёти иҷтимоиву иқтисодӣ тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.
Бо гузашти 25 сол аз он рӯйдоди таърихӣ Конститутсия ҳамчун санади роҳнамо ва пойдевори ҳуқуқӣ ҷиҳати бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон нақши шоиста гузоштааст. Маҳз ба воситаи Конститутсия манфиатҳои давлатӣ ва миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳангӣ ҳимоя гардида, дар заминаи он қонунҳои нави миллӣ: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардиданд.
Академик Маҳкам Маҳмудзода таъкид намуд, ки зарурат ва муҳимияти қабули Конститутсияро дар бунёди давлатдории миллӣ Президенти мамлакат ҳанӯз дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муроҷиатномаи худ ба халқи шарифи Тоҷикистон 12 декабри соли 1992 таъкид намуда, аз ҷумла дар Муроҷиатнома иброз дошта буданд: «Асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро нав карда, онро бо дарназардошти меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ такмил дода, барои бунёди давлати нав — давлати демократии ҳукуқбунёд замина гузоштан лозим аст».
Номбурда иброз намуд, ки «ғояи давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ки дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси ҳадафи стратегии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон эълон гардид, дертар дар лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос гардид».
Дар кори конференсия олимони соҳаи ҳуқуқшиносӣ, намояндагони ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, суд, ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иштирок намуданд. Дар ҷараёни Конференсия иштирокчиён дар мавзӯъҳои «Конститутсия меҳвари сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ғояҳои Эмомалӣ Раҳмон дар раванди таҳия ва татбиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Самтҳои асосии рушди ҳуқуқи конститутсионии Тоҷикитон дар марҳалаи ҳозира», «Конститутсия-нишон аз давлату давлатдории миллӣ» маърӯза намуда вобаста ба рушди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо, нақши он дар бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мавриди баррасии иштирокдорон қарор гирифт.
Таъкид шуд, ки Конститутсияи Тоҷикистон тақдирсоз буда, ҳамаи паҳлуҳои ҳаёт ва фаъолияти инсон, сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятиро дар бар мегирад ва роҳи рушду пешрафти давлати тоҷиконро барои садсолаҳо муайян кардааст.
Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»








ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






