Корвони саломатӣ ба 650 нафар сокинони Рашт кумаки ройгони тиббию санитарӣ расонид
РАШТ, 31.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими ноҳияи Рашт тибқи нақшаи кории муштарак байни беморхонаи марказӣ ва шабакаи муассисаҳои кумаки аввалини тиббию санитарӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Боқӣ Раҳимзода, Оби меҳнат, Ҷафр, Ҳоит ва Ясман Корвони саломатӣ ба роҳ мондааст. Дар ин маърака 15 нафар табибони ботаҷриба иштирок намуда, ба 650 нафар сокинон кумаки ройгони аввалини тиббию санитарӣ расониданд.
Тибқи иттилои масъулини соҳаи тандурустии ноҳия, зимни баргузории маърака аз тарафи кормандони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим зиёда аз 3100 дона китобчаю дастурамал ва варақаҳои иттилоотӣ оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз қабили ВНМО, домана, гепатитҳои вирусӣ, бемории сил, фишорбаландӣ, диабети қанд, омилҳои ирсӣ, никоҳи хешу таборӣ, модаршавии бехавф ба тариқи ройгон ба аҳолӣ дастрас карда шуданд.
Ҳамзамон зимни он табибон оид ба пешгирии бемориҳои зикршуда бо мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






