Мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ ва Хона-интернати беморони рӯҳии шаҳри Ҳисор ба давраи тирамоҳу зимистон омода мебошанд

Октябрь 11, 2019 09:19

ҲИСОР, 11.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Баҳри дар амал тадбиқ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020» масъулини мактаб–интернатҳои ҷумҳуриявии низомашон махсус, кӯдакони нобино ва сустбин  ва Хона-интернати  беморони рӯҳии шаҳри Ҳисор нақшаҳои пешниҳодгардидаро сад фоиз иҷро намуданд.

Директори Хона-интернати беморони рӯҳии шаҳри Ҳисор Умар Акрамзода зикр намуд, ки «айни замон дар муассиса 242 нафар беморони рӯҳию маъюб зиндагӣ менамоянд ва ба онҳо 122 нафар кормандон ба таври шабонарӯзӣ мувофиқи басти корӣ хизмат мерасонанд.  Ин табақаи ниёзманди аҳолӣ зери назорати махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Мо барои бо гармӣ таъмин намудани ҳуҷраҳои онҳо 100 тонна ангишт, 70 куб ҳезум ва 300 литр сӯзишвории дизелӣ барои генераторҳои барқдиҳанда захира намудаем. Инчунин барои се вақт бо хӯроки гарм таъмин намудани беморон то охири мавсим дар анборҳои муассиса 6300 кг картошка, 2100 кг пиёз, 9600 кг орд ва 630 литр равған захира менамоем. Бо боварӣ гуфта метавонам, ки мо ба давраи зимистони имсола омода буда, 242 нафар беморони рӯҳиро бо ҷои гарму хӯрокҳои лазиз таъмин намуда, ба онҳо дар сатҳи баланд хизмат мерасонем».

Тибқи иттилои масъулини мактаб–интернатҳои ҷумҳуриявии низомаш махсус  ва кӯдакони нобинои шаҳри Ҳисор, дар ин ду муассиса то имрӯз 229 тонна ангишт ва 120 куб ҳезум захира гардидааст. Айни замон синфхонаҳо ва утоқҳои хоби кӯдакон бо гармӣ таъмин мебошанд. Аз маълумоти масъулини ин ду муассиса бармеояд, ки барои бо гармӣ таъмин намудани интернатҳо дар фасли зимистон ва сари вақт додани хӯроки гарм ба кӯдакони эҳтиёҷманд тамоми тадбирҳо андешида шуда, айни ҳол дар ин самт ягон мушкилӣ вуҷуд надорад.

Октябрь 11, 2019 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

МАҚОМИ ЗАН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ. Давоми сеюним даҳсола мавқеъ ва мақоми зан дар ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфт
Дар назди Коллеҷи муҳандисӣ-техникии ноҳияи Нуробод бинои нави таълимӣ ва хобгоҳ сохта мешавад
Дар Суғд масъалаи риояи талаботи санитарию эпидемиологӣ дар муассисаҳои хизматрасонӣ баррасӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Тоҷикобод хати нави оби нӯшокӣ ва иншооти иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифтанд
Дар Тоҷикистон 73 фоизи кормандони соҳаи маориф ва 72 фоизи кормандони тандурустиро занон ташкил медиҳанд
Ҳангоми зиёд шудани чангу ғубор барои ҳифзи саломатӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намоед
Экспедитсияи илмии олимону мутахассисони Ҳиндустон дар Тоҷикистон оғоз гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Тоҷикистон 182 деҳаи нав таъсис дода шуд
Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
ПЕШВОИ САОДАТОФАР ВА МИЛЛАТИ САОДАТМАНД. Мулоҳизаҳо оид ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон шумораи нафақагирон 53 фоиз зиёд шудааст
АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО РУШДИ УСТУВОР. Андешаҳо дар мавриди 35 соли пурифтихори Истиқлолияти давлатӣ