Муллозуҳур Тоҳирӣ: «Фарбеҳӣ сабаби вайрон шудани кори ҷигару талхадон гардида, инсонро ба марг оварда мерасонад»
ДУШАНБЕ, 11.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. 11 октябр дар ҷаҳон ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо фарбеҳшавӣ таҷлил мегардад. Агар дар асри ХХ масъалаи фарбеҳиву гирифторӣ ба онро шахсони алоҳида муҳокима мекарданд, ҳоло он ба мушкилоти глобалӣ табдил ёфтааст. Яъне доштани вазни зиёд ба саломатии инсон шадидан таҳдид карда, сабаби гирифторӣ ба бемориҳои зиёди дилу рагҳо мегардад ва дар бисёр ҳолатҳо шахсро то ба марг оварда мерасонад.
Ба хотири пешгирии бемории фарбеҳӣ ва ҷалб намудани диққати ҷомеа ба мушкилоти мазкур, Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ин рӯзро ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бо фарбеҳшавӣ эълон намудааст.
Масъалаи пешгирии фарбеҳӣ ҳамчун масъалаи доғи рӯз дар Тоҷикистон низ қобили таваҷҷуҳи махсус буда, он ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 30 сентябри соли 2019 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид, мавриди баррасии ҷиддӣ қарор дода шуд.
Дар ҷаласаи мазкур аъзои Ҳукумати мамлакат «Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024» -ро қабул намуданд.
Тавре хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ дод, оид ба ин масъала Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода гузориш дода, гуфт: «Зарурати таҳияи Барномаи мазкур афзоиши бемориҳои ғайрисироятӣ мебошад, зеро фарбеҳӣ миёни омилҳои фавту маъюбӣ дар ҷойи намоён меистад».
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки тайи солҳои охир кам истеъмол намудани нахҳои ғизоӣ ва зиёд истеъмол кардани хӯрокҳои тезтайёру чарбдор, нӯшокиҳои газноки ширин, қандҳои одӣ ва намак ба сатҳи инкишофи бемориҳои музмини ғайрисироятӣ мусоидат кардааст.
«Мақсади ин Барнома дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ба роҳ мондани ҳалли масъалаҳои бо вазни зиёди бадан ва бемории фарбеҳӣ алоқаманд барои мустаҳкам ва нигоҳ доштани саломатии аҳолӣ, паст намудани хатари маъюбию фавти бармаҳал, баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии аҳолӣ мебошад.
Дар робита ба ин мавзӯъ доктори илми тиб Муллозуҳур ТОҲИРӢ зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Шукуҳи ДАЛЕР гуфт: «Асосан имрӯз одамон аз тарзи нодурусти истеъмоли хӯрок ба фарбеҳӣ гирифтор мешаванд, ки он метавонад боиси мубтало гардидан ба чандин бемориҳои дигар гардад. Пешгирӣ аз ин беморӣ дар дасти ҳар як шахс аст ва ӯ бояд ҳамеша аз маслиҳати мутахасисон бархурдор бошад».
Ба гуфтаи ин табиб, истеъмоли аз меър зиёди ғизо, бахусус вақти хӯроки шом ба саломатии инсон зарар дошта, барои ҳазм намудани он бояд бештар об бинӯшад.
«Зеро об беҳтарин дору ва пешгирикунандаи фарбеҳшавӣ ба ҳисоб рафта, хӯроки истеъмолнамудаи шахсро ҳазм менамояд ва онро ба энергия табдил медиҳад. Аз ин хотир, ҳар кас бояд вақти аз хоб хестан ним литр, як соат пеш аз хӯрокхӯрӣ ва як соат пас аз он 100 граммӣ об нӯшад», — афзуд доктор Муллозуҳур Тоҳирӣ.
Ба гуфтаи ӯ, ғайр аз ин инсон бояд барои нигоҳ доштани мувозинати калорияҳо ба корҳои ҷисмонӣ ва тарбяи бадан машғул шавад.
«Истеъмоли хӯрокҳои бирёншуда, хамирӣ, картошка, равған, биринҷ, намак ва ғайра сабаби фарбеҳӣ мегарданд», — илова намуд ҳамсуҳбати мо.
Бино ба маълумоти нашрнамудаи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, соли 2016 зиёда аз 1,9 миллиард одамони аз 18-сола боло вазни зиёдатӣ доштанд. Аз ин шумора бештар аз 650 миллион нафар аз фарбеҳӣ ранҷ мебаранд.
Метавон гуфт, ки дар мамлакати мо масъалаи омӯзиш, пешгирӣ ва табобати бемории фарбеҳӣ дар доираи барномаҳои давлатӣ аз соли 2014 оғоз гардида буд. Зеро маҳз ҳамон сол Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ «Стратегия оид ба ғизо ва фаъолияти ҷисмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2024»-ро ба тасвиб расонид, ки мавриди амал қарор дорад.
Дар стратегияи мазкур ба масъалаи омӯзиш, пешгирӣ ва табобати бемории фарбеҳӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир шудааст. Натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон доданд, ки 17% аҳолии ҷумҳурӣ вазни зиёди бадан дошта, 11,3% сокинони Тоҷикистон аз фарбеҳӣ азият мекашанд.
«Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки барои омӯзиш, пешгирӣ ва табобати фарбеҳӣ дар доираи «Стратегия оид ба ғизо ва фаъолияти ҷисмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2024» тадбирҳои мушаххас андешида шаванд», — хабар дод 30 сентябри соли равон Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ба андешаи доктор Муллозуҳур Тоҳирӣ, «истеъмоли барзиёди хӯрокворие, ки таркибаш асосан аз карбогидратҳо (асал, қанд, нон, таоми хамирӣ, харбуза, ангур, картошка ва ғайра) ё моддаҳои равғанӣ (қаймоқ, равғани думба, маска ва ғайра) иборат аст, ба зуҳури ирсии фарбеҳӣ мусоидат мекунад».
Бояд гуфт, ки фарбеҳӣ бемории ҷиддӣ буда, ба ғайр аз ҳолатҳои болозикр сабаби инкишофи дигар касалиҳо, аз қабили атеросклероз, инфаркти миокард, газаки талхадон ва касалии қанд мешавад.
Ба андешаи ҳамсуҳбати мо барои пешгирии ин беморӣ, пеш аз ҳама, бояд маърифатнокии аҳолиро дар ин ҷода баланд бардошт.
Инчунин мутахассисони соҳаи тиб тавсия медиҳанд, ки кам истеъмол намудани миқдори карбогидратҳои одӣ (шакар, конфет, торт, мураббо ва ғ.), маҳдуд намудани истеъмоли чарбӣ (гӯшту маҳсулоти гӯштии пурчарб, ширу маҳсулоти ширии равғаннокиашон баланд) дар ғизо, ба таври васеъ истеъмол намудани меваю сабзавоти тару тоза, кабудӣ, омода намудани таомҳо аз ғалладонаю лўбиёгиҳо, риояи реҷаи истеъмоли 5-6 маротибаи ғизо бо маҳдуд намудани истеъмоли маҳсулоти ангезандаи иштиҳо ва маҳдуд намудани истеъмоли намаки ошӣ то 5 г барои пешгирӣ аз фарбеҳӣ мусоидат мекунанд.
Дар ин сурат, — гуфт Муллозуҳур Тоҳирӣ, ҳар шахс худро эҳтиёт мекунад, то ба бемориҳои мухталиф, аз ҷумла, фарбеҳӣ мубтало нагардад. Чунки фарбеҳӣ сабаби вайрон шудани кори ҷигару талхадон, инчунин мубтало шудан ба бемориҳои ғадудҳои дохилӣ гардида, ҳатто инсонро ба марг оварда мерасонад.
Шукӯҳи ДАЛЕР,
АМИТ «Ховар»