Намояндагони TV «Fly Brother» ба журналистони бахши сайёҳии Тоҷикистон ҷиҳати инъикоси имкониятҳои сайёҳӣ дарси маҳорат омӯхтанд

Октябрь 11, 2019 15:37

ДУШАНБЕ, 11.10.2019/АМИТ «Ховар»/. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Академияи ВАО Тоҷикистон  ҷиҳати тарғибу ташвиқи имкониятҳои сайёҳии мамлакат дар арсаи байналмилалӣ ва инъикоси имкониятҳои сайёҳии ҷумҳурӣ барои кормандони шабакаҳои телевизионию радиоӣ ва нашрияҳо дарси маҳорат баргузор намуд.

Намояндагони ширкати телевизионии «Флай Бразер»-и (Fly Brother) Амрико Эрнест Эдвар, Педро Аугусто ва Ҷулиана Коломбо барои намояндагони ВАО-и ватанӣ усулҳои муосири истифодаи воситаҳои ахбори оммаро барои тарғиби захираҳои сайёҳии мамлакат ва ба ин васила ҷалби сайёҳони хориҷиро  ба Тоҷикистон омӯзониданд.

Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  ин иқдом дар партави  дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тарғибу ташвиқи имкониятҳои сайёҳии мамлакат дар арсаи байналмилалӣ  амалӣ гардонида шуд.

Намояндагони шабакаи телевизионии «Флай Бразер», ки тӯли ҳафтаи охир дар давлати мо қарор доранд, таассуроти худро оид ба табиат, мардуми меҳмоннавоз ва урфу одатҳои инсондӯстонаи тоҷикон иброз доштанд. Зикр шуд, ки ВАО-и чопию электронӣ яке аз воситаҳои  қавии муаррифии мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ дар ҷаҳон маҳсуб меёбад.

Бо назардошти он ки Тоҷикистон дорои табиати беҳамто мебошад, ба таври шоиста муаррифӣ намудани он дар арсаи байналамилалӣ барои рушди соҳа ва ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба кишвар мусоидат мекунад. Ба роҳ мондани сайёҳии дохилӣ низ метавонад дар рушди сайёҳӣ таъсиррасон бошад. Дар Тоҷикистон имкониятҳои сайёҳӣ ниҳоят фароханд ва бояд тарғибу ташвиқи онҳо ба таври дуруст ва ҷалбкунанда ба роҳ монда шавад.

Шабакаи «Fly Brother» дар ҳудуди Иёлоти Муттаҳидаи Арико ва давлатҳои Арикои Ҷанубӣ ниҳоят маъруф мебошад ва наворҳои бардоштаи ин шабакаи ҷаҳонӣ ва таассуроти онҳо баъд аз бозгашт дар мамлакаташон тариқи ин шабака намоиш дода мешаванд.

Ин барои ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ва муаррифии захираҳои сайёҳии мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад.

Октябрь 11, 2019 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд