«Номвожаҳои ҷуғрофӣ ҷузъи ҷудонопазири таъриху фарҳанги миллатанд», «Колман Баркс – мубаллиғи Мавлоно дар Амрико»,-шарҳи матбуоти даврӣ

Октябрь 3, 2019 15:36

ДУШАНБЕ, 03.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи гузашта матбуоти даврии Тоҷикистон кадом  мавзӯъҳоро пайгирӣ намуд? Рӯзноманигорон  доир ба ҳодисоти дохил ва рӯйдодҳои берун аз мамлакат чӣ андеша доранд? Дар ин мавзӯъ шарҳи АМИТ «Ховар» пешниҳоди хонандагони сомона мегардад.

Ин ҳафта   матолиб дар мавзӯи 10 — солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  дар сархати расонаҳои даврӣ қарор дошт.

Дар  шумораи навбатии  Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» (01.10.2019, №186)  таҳти сарлавҳаи «Камбудиҳо ислоҳ мешаванд»  посух ба мақолаи танқидии  ин рӯзнома, ки  19 июни соли 2019  таҳти сарлавҳаи «Хатлон. Бефаъолиятии корхонаҳо соҳаи саноатро ба қафо мекашанд!» чоп шудааст,  нашр гардидааст.

Дар вокуниши мазкур  муовини якуми Раиси шаҳри Норак Д.Асозода, аз ҷумла, чунин нигоштааст: «Мақолаи  мазкур  дар ҷаласаи назди раиси шаҳри Норак мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Зикр гардид, ки факту рақамҳои овардашуда дурустанд ва интиқоди рӯзнома аз бефаъолиятии корхонаҳо ба нафъи рушди  ҷумҳурии азизи мо – Тоҷикистон аст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр, бунёди корхонаҳои нав, марҳила ба марҳила ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва фароҳам овардани ҷойҳои нави кориро дар меҳвари фаъолият  қарор дода, барои амалисозии ин мақсадҳо тамоми имконияту захираҳоро босамар истифода мебарад. Мутмаинем, ки камбудиҳои ҷойдошта бартараф мешаванд».

Ҳамчунин дар ин шумораи рӯзномаи «Ҷумҳурият»  таҳти сарлавҳаҳои «ВМКБ. Мактаб зиёду хонанда кам. Чаро?», «Конибодом. Шаҳр ҳусни дигар мегирад», «Дараи Камароб. 9 сол пеш 25 афсару сарбози тоҷикро кӣ кушт?», «Тоҷикобод. Авлавият ба тарбияи оилаҳои ҷавон», «Шинохти тозаи рисолати илму адабиёт», «Роғун». Иншооте, ки тақдири инсонҳоро месозад», «Қатли инсон. Аъмоли зиште, ки дар ҳама дину оинҳо маҳкум мешавад», «Колман Баркс – мубаллиғи Мавлоно дар Амрико», «Кочӣ»    ва дигар мақолаҳои ҷолиб ба чоп расидаанд.

Дар  мақолаи «Колман Баркс – мубаллиғи Мавлоно дар Амрико», аз ҷумла чунин омадааст:  «Ман навиштани шеър ва тарҷумаи шеъри Мавлоноро дӯст медорам. Дар раванди кори сангини эҷодӣ ҳангоми тарҷума бояд бо Румӣ нопадид шавам ва дар шеърам худро бо шахсият, кайфият ва нангу ори худ дарёбам».

Ин навиштаи шоири амрикоӣ, пажӯҳишгар ва мутарҷими маъруфи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ Колман Баркс аст. Аксари асарҳои манзуму мансури Мавлоноро маҳз ӯ ба англисӣ тарҷума карда, дар ИМА ва умуман, ҷаҳони Ғарб боли парвоз бахшидааст».

Дар саҳифаи аввали Нашрияи парлумонии мамлакат «Садои мардум»  (№117 аз 01.10.2019)    гузориши муфассал аз  ҷараёни ҷаласаи якуми Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум, ки 1 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд,  ба нашр расидааст.

Дар ин шумораи рӯзномаи «Садои мардум» ҳамчунин  таҳти сарлавҳаҳои  «Сиёсати муваффақи сиёсатмадори тавоно», «Номвожаҳои ҷуғрофӣ ҷузъи ҷудонопазири таъриху фарҳанги миллатанд», «Пули мошингузари «Дӯстӣ» мавриди истифода қарор гирифт», «Ҳоли табоҳи варзишгоҳ дар Шаҳринав», «Моҳи ҷашну санаҳои муҳими сиёсӣ ва иҷтимоӣ» ва дигар мақолаҳои ҷолибу хонданбоб   чоп гардидаанд.

Сиюми сентябри соли равон дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори  омма ва робитаҳои байнипарламентӣ дар масъалаи натиҷаҳои татбиқи қарор ва тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ «Оид ба номгузориву номивазкунии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, маҳалҳои аҳолинишин ва қисмҳои таркибии онҳо дар заминаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 19 декабри соли 2018 баргузор гардид.

Дар гузориши  «Номвожаҳои ҷуғрофӣ ҷузъи ҷудонопазири таъриху фарҳанги миллатанд»,  ки аз ҷаласаи мазкур омода гардидааст, аз ҷумла  чунин омадааст «Албатта, номивазкунӣ кори саҳлу осон нест. Ҷустуҷӯйи номи мувофиқ ба арзишҳои фарҳангию забонии миллати тоҷик созгор хароҷоти зиёд ва асосҳои мантиқию ҳуқуқиро низ тақозо менамояд, — гуфт раиси Кумитаи мазкур М. Имомзода ва илова намуд: — Бо вуҷуди ин, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири арҷ гузоштан ба дастовардҳои таърихию фарҳангӣ масъалаи табдили баъзе номҳои ҷуғрофии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳоти мамлакатро, ки ба асолати фарҳангию таърихии миллат созгор нестанд, зери назорати ҷиддӣ қарор дода, таъкид намуданд: «Номҳои тоҷикӣ ганҷинае мебошанд, ки тӯли асрҳо сайқал ёфта, ба сарнавишт ва ташаккули таърихии миллат иртибот пайдо кардаанд. Айни ҳол мову шумо дар масъалаи ному номгузорӣ низ набояд бетараф бошем. Номгузорӣ як рукни муҳими забон ва инъикоскунандаи асолати миллию фарҳангии миллат мебошад».

Нашрияи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Народная газета»  (02 .10.2019, №41)  дар шумораи навбатии худ  хабару гузоришҳоро   аз ҷараёни  маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, инчунин аз  иштироки  Пешвои миллат,  Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон дар Маҷлиси  навбатии Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  нашр намудааст.

«Фундаментальные достижения Таджикистана под руководством Лидера нации Эмомали Рахмона» —  таҳти ин сарлавҳа рӯзнома маводро  оид ба  муваффақиятҳои устувори  ҷумҳурӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ  таҳти роҳбарии Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба нашр  расонидааст.

Ҳамзамон дар ин шумора  мақолаҳо  бахшида ба 10 — солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  таҳти сарлавҳаи «Государственная незвисимость – реальный фактор возрождения таджикского языка» ва «Язык – духовная основа нации»  чоп гардидаанд.

Инчунин дар ин шумораи рӯзномаи «Народная газета» мавод бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», 1 октябр-Рўзи пиронсолон, дар бораи   5500-солагии Саразм, маъракаи даъвати тирамоҳии наваскарон  ва дигар  мавзӯъҳои рӯзмарра   рӯи чоп омадаанд.

Дар шумораи навбатии   Нашрияи КИ ҲХДТ «Минбари халқ» (№40 аз 2 октябри соли 2019)  дар баробари хабару гузоришҳо аз ҳаёти ҳизбӣ таҳти сарлавҳаҳои зерин матолиби ҷолибу хонданбоб пешниҳоди хонандагон гардидаанд: «ИИА: То «биҳишт» дар минтақа фосила аст», «Забон»-и  насли ҷавон», «Забонро забонат бубахшад тавон», «Сулҳу субот –кафили зиндагии шоиста», «Оини дӯстӣ» ва ғайраҳо.

Муаллифи мақолаи   «Забон»-и  насли ҷавон»  Ҳуриннисо Ализода дар мақолаи мазкур аз ҷумла чунин нигоштааст: «Забони тоҷикӣ на танҳо забони модарии мост, балки  он забони давлатист, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун як рукни шинохтаву  эътирофи миллат хидмат мекунад ва тибқи Конститутсия ва дигар қонунҳои мамлакат ҳамчун яке аз арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ  шинохта мешавад. Донистани забони давлатӣ барои сокинони Тоҷикистон фарз аст, зеро он забони коргузории давлатист ва новобаста  аз синну сол, миллат, касбу вазифа ва мавқеи иҷтимоӣ бо ин забони расмӣ бояд ҳар як шаҳрванд бе иштибоҳ навишта ва хонда тавонавд. Аммо….»

Гузориши муфассал аз ҷараёни баргузории Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки бо иштироки Раиси муаззами ин ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар шаҳри Душанбе  аз муҳимтарин  матолиби шумораи навбатии   Нашрияи КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе  «Мароми пойтахт» (№37 аз 02.10.2019)  маҳсуб мешавад.

Дар ин шумора ҳамчунин  як мавод  аз ҷараёни баргузории ҳамоиши  илмӣ дар мавзӯи «Забони миллат — ҳастии миллат», ки аз ҷониби  Кумитаи забон ва истилоҳот  дар якҷоягӣ  бо КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе доир  гардид ва он  яке аз рӯйдодҳои муҳими ҳафтаи ҳизб ба шумор меравад, рӯи чоп омадааст.   Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзномаи “Мароми пойтахт” мақолаи   хабарнигори рӯзномаро   дар мавзӯи «Инсон, забон, миллат ва давлат» ба хонандагон пешниҳод кардааст.

Дар ҳошияи озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» мусоҳибаи хабарнигори рӯзнома  бо директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба нашр расидааст.  Ҳамин тавр, хонандагон метавонанд дигар матолиби ҷолибро дар мавзӯъҳои   муҳими рӯз  аз нашрияи “Мароми пойтахт” пайдо намоянд.

                                                                                       Рухсораи НУР,
                                                                                                   АМИТ «Ховар»

Октябрь 3, 2019 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд
Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд