ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст

Октябрь 7, 2019 08:05

ДУШАНБЕ, 07.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад.  Дар  баландиҳои зиёда аз 2500- 3000 метр барфи тар меборад.  Шабонарўзи  наздик дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ чангу ғубор ба амал меояд. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои  тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад.  Дар  баъзе ноҳияҳои шарқии вилоят боришоти борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3+8 ва рӯзона 17+22 дараҷа  гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 5-10 дараҷа  хунук ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбанда шуда,  дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду  барқ ба амал омада, шабона дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр барфи тар меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 13-18 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0+5  ва   рӯзона    11+16  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбандаи   бебориш дар назар аст. Дар  баъзе ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 ва рӯзона 27+32  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 7+12 ва рӯзона 22+27  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво  тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду  барқ ба амал омада, шабона дар баландиҳои зиёда аз 3 ҳазор метр барфи тар меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 9+14  ва рӯзона 24+29  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4+9 ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Шамол аз самти ғарб бо   суръати 3-8 метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 9+11 ва  рӯзона 26+28  дараҷа гарм мешавад.

Октябрь 7, 2019 08:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид