Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии осорхонаҳо таҳти унвони «Оинаи таърих» муйян гардиданд

Октябрь 7, 2019 14:00

ДУШАНБЕ, 07.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. 5 октябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии осорхонаҳо таҳти унвони «Оинаи таърих», ки ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ гузаронида шуд, ҷамъбаст гардид. Дар ин бора аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар озмун Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода,  директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Абдувалӣ Шарифзода, фаъолону ғолибони озмун, аҳли илму адаб, намояндагони вазоратҳои фарҳангу маориф, воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд. Озмуни осорхонаҳо бо ташаббуси Вазорати фарҳанг ва иштироки фаъолонаи осорхонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар ду давр дар шаҳру ноҳияҳо доир гардид.

Намоишгоҳро Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода оғоз намуда,  иштирокчиён озмунро табрик намуд. Мавсуф оид ба аҳамияти осорхонаҳо дар ҳаёти фарҳангӣ ва ҳифзи таърихи миллат иброз дошт, ки «осорхона маконест, ки дар худ мероси таърихию фарҳангии  гузашта ва имрӯзаро нигоҳ медорад. Он дар ҳаёти фарҳангии ҳар як давлат нақши муҳим мебозад. Аз ин рӯ ҳифз ва нигоҳдории он қарзи ҳар як шаҳрванд аст».

Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Абдувалӣ Шарифзода дар тақвияти суханони Вазири фарҳанг изҳор намуд, ки «Осорхонаи миллии Тоҷикистон баҳри татбиқи рисолати азалии хеш – ҷамъоварӣ, бақайдгирӣ, барқарорсозӣ, омӯзишу таҳқиқ ва ҳифзу нигоҳдории намунаҳои нодири мероси таърихию фарҳангӣ пайваста кӯшиш ба харҷ дода истодааст. Аз ин рӯ гузаронидани озмун ба хотири ҳифз ва нигоҳдории ёдгориҳо равона шудааст».

Ғолибони озмуни мазкур аз рӯи чор номинатсия бо ифтихорнома ва туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.

  • Дар номинатсияи осорхонаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, мамнӯъгоҳ ва маҷмаа ҷойи аввал ба Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллии Тоҷикистон”,  ҷои дуввум ба  Муассисаи давлатии “Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб” ва ҷои сеюм ба осорхонаи “Мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук” супорида шуд.
  • Дар номинатсияи осорхонаҳои шаҳрӣ, ноҳиявӣ, деҳотӣ ҷои аввалро  Осорхонаи таърихӣ — кишваршиносӣ дар ноҳияи Спитамен, ҷои дуввумро Осорхонаи таърихӣ — кишваршиносӣ дар шаҳри Роғун ва ҷои сеюмро  Осорхонаи таърихӣ — кишваршиносӣ дар ноҳияи Қубодиён ба даст оварданд.
  • Дар номинатсияи Хона-осорхонаҳо Хона — осорхонаи Камоли Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд сазовори ҷои аввал,  Хона — осорхонаи Ширин Бунёд дар ноҳияи Роштқалъа -ҷои дуюм ва Осорхонаи муттаҳидаи ёдгорию  адабии ба номи Мирзо Турсунзодаи Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон сазовори ҷои сеюм дониста шуданд.

Аз рӯи номинатсияи осорхонаҳои вазорату идораҳо, ташкилоту корхонаҳо ҷои аввал ба  Осорхонаи мардумшиносии ба номи С. Андрееви Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон,  ҷои дуввум ба Осорхонаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров ва ҷои сеюм ба Осорхонаи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид.

Зикр гардид, ки ҳадафи асосии баргузории Озмуни ҷумҳуриявии осорхонаҳо таҳти унвони «Оинаи таърих»  баланд бардоштани мақому манзалати осорхонаҳо дар ҷомеа, беҳтар намудани мундариҷа ва сифати фаъолияти онҳо дар шароити нави иҷтимоӣ — фарҳангӣ, ҷалб намудани таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба мушкилоти соҳаи осорхонавӣ ва ба ин восита мусоидат намудан ҷиҳати ободонӣ, таҳкими пойгоҳи моддӣ — техникӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои шаҳрвандон дар осорхонаҳо мебошад.

Октябрь 7, 2019 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қароргоҳи ЮНЕСКО оид ба омодагӣ ба Конфронси байналмилалии оби Душанбе нишасти матбуотӣ доир шуд
Нақши Пешвои миллат дар рушд ва эҳёи арзишҳои фарҳанги миллӣ
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон «Гӯшаи китоби Покистон» ба истифода дода шуд
Намояндагони Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар Рим осорхонаи Леонардо да Винчиро тамошо намуданд
Имрӯз дар Беларус Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз меёбанд
Дар Рӯзҳои кинои тоҷик дар Беларус се филми ҳунарӣ намоиш дода мешавад
Вазири корҳои хориҷӣ ва ҷамъиятҳои Ҷумҳурии Сейшел дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус намоишгоҳи рассомони тоҷик ифтитоҳ ёфт
Филми мустанади «Шоҳи қуллаҳо» ҷоизаи байналмилалӣ гирифт
«НАМУНАИ АДАБИЁТИ ТОҶИК». Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалии илмӣ доир шуд
Бахшида ба Ҳафтаи илми тоҷик дар Хонаи китоби Тоҷикистон конференсияи илмӣ доир шуд
Дар Душанбе паҳлуҳои гуногуни Устувонаи Куруши Кабир чун аввалин эъломияи ҳуқуқи башар баррасӣ гардид