Дар Тоҷикистон 66 Қасри фарҳанг барои баргузории барномаҳои фарҳангию фароғатӣ фаъолият дорад

Июль 23, 2024 08:24

ДУШАНБЕ, 23.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон 66 Қасри фарҳанг, ки онҳо дорои толорҳои бузургу барҳаво ва ҷойҳои зиёди нишаст буда, бо муосиртарин шароит барои гузаронидани маҳфилу ҷамъомадҳо, барномаҳои фарҳангӣ ва машқу тамрини дастаҳои ҳунарӣ таъмин мебошанд, фаъолият дорад. Ҳамзамон дар мамлакат 670 хонаи фарҳангӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ин хусус 22 июл зимни нишасти матбуотии Вазорати фарҳанги Ҷумхурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.

Дар нишасти хабарӣ ҳамчунин гуфта шуд, ки барои давом додани сохтмони Қасри фарҳанги ноҳияи Нуробод 1 миллиону 100 ҳазор сомонӣ, сохтмони Қасри фарҳанги ноҳияи Шаҳринав 1миллиону 830 ҳазор сомонӣ, барои маркази фарҳангӣ дар деҳаи Палдораки ноҳияи Мастчоҳ 2 миллион сомонӣ, барои сохтмони Қасри фарҳанг дар ноҳияи Ховалинг 1миллиону 830 ҳазор сомонӣ ва барои корҳои лоиҳакашии Қасри фарҳанг дар ноҳияи Ишкошим ва китобхона дар ноҳияи Қубодиён 340 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.

Мавриди ёдоварист, ки дар ноҳияҳои Рошқалъа ва Мурғоби Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, ноҳияҳои Шаҳринаву Лахш ва шаҳри Ваҳдат низ Кохи фарҳанг бунёд карда мешавад.

Бояд гуфт, ки дар дохили қасрҳои фарҳанг ҳуҷраҳои алоҳидаи либосивазкунию пардозгарӣ барои ҳунармандон ва утоқҳои корӣ барои маъмурият бунёд гардидаанд. Дар онҳо маҳфилҳои ҳунармандӣ, аз қабили навозандагию сарояндагӣ, рақс, ҳунарҳои мардумӣ, толори шашкаю шоҳмот амал намуда, ҳамзамон китобхонаҳои электронию анъанавӣ ҷойгир карда шудаанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 23, 2024 08:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд