Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вобаста ба татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия вохӯрӣ баргузор гардид

Июль 26, 2024 19:30

ДУШАНБЕ, 26.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 25 июл дар доираи татбиқи «Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ вохӯрии кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи мамлакат баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  хабар доданд.

Иброз гардид, ки ҳадафи асосии «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ба вуҷуд овардани фазои зиддикоррупсионӣ, баланд бардоштани маърифату фарҳанги зиддикоррупсионии шаҳрвандон, бартараф намудани сабабу шароити ба коррупсия мусоидаткунанда ва дар маҷмуъ муқовимат бо ин зуҳуроти номатлуб мебошад.

Намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи қонуну қоидаҳо, роҳҳои пешгирӣ аз хавфу хатар ва корҳои характери коррупсионидоштаро ба иштирокдорон фаҳмонида, аз онҳо даъват шуд, ки ба чунин хатогиҳо роҳ надода, баҳри дар амал татбиқ намудани Стратегия кушиш ба харҷ диҳанд.

Бояд гуфт, ки коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушду суботи иҷтимоию иқтисодии давлат эътироф гаштааст.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Июль 26, 2024 19:30

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 21 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
«Қалъаи Хуҷанд» ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон шомил гардидааст
Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Имсол дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд