Дар Москва бахшида ба бузургдошти мутафаккири барҷастаи тоҷик Абӯалӣ Ибни Сино ҳамоиш доир мешавад

Июль 24, 2024 10:19

ДУШАНБЕ, 24.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бахшида ба  бузургдошти мутафаккири барҷастаи тоҷик Абӯалӣ Ибни Сино дар мавзӯи «Саҳми Ибни Сино дар ташаккули соҳаи тиб: осори илмӣ, таҷриба ва назария» ҳамоиш баргузор менамояд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия иттилоъ доданд, ҳамоиши мазкур  20 августи соли 2024 дар шаҳри Москва баргузор мегардад.

Дар чорабинии мазкур олимон ва муҳаққиқон, коршиносон, алоқамандони осори илмию адабии Ибни Сино, ординаторон, хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти тиббӣ, кормандони соҳаи тиб ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок менамоянд.

Дар рафти ҳамоиш ҷанбаи илмӣ — назариявӣ, таҷрибаи амалии мутафаккири барҷаста дар илми тиб, андешаҳои фалсафавӣ ва педагогӣ, дидгоҳи гуманистии мутафаккирро мавриди омӯзиш қарор дода, коршиносон ва муҳаққиқон дар робита ба ин мулоҳизаронӣ менамоянд.

Барои иштирок дар чорабинии мазкур, хоҳишмандон метавонанд тавассути линки (https://forms.gle/7PEZ3zh7JJvFkcNV9)  то санаи 15 августи соли равон, соати 18:00 ба вақти Москва худро номнавис намоянд.

АКС: Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия

Июль 24, 2024 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид