Пешвои миллат: «Сатҳи камбизоатӣ то 29,5 фоиз коҳиш ёфтааст»

Октябрь 17, 2019 11:15

ДУШАНБЕ, 17.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли 2018 зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ зикр намуданд, ки даромади пулии аҳолӣ 11 фоиз зиёд шуда, ҳаҷми пасандозҳо дар низоми бонкии мамлакат нисбат ба як соли пеш 9 фоиз афзуд ва сатҳи камбизоатӣ то 29,5 фоиз коҳиш ёфтааст. Ин дар ҳолест, ки дар асри гузашта беш аз чоряк ҳиссаи аҳолии ҷаҳон ба камбизоатӣ  гирифтор  шуда, аз соли  1999 то 2007 аз ин сабаб беш аз 300 миллион нафар вафот кардаанд. 

17 октябр дар ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бо   камбизоатӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯзи соли 1987 бештар аз 100 ҳазор нафар одамон ба яке аз майдонҳои марказии шаҳри Париж, ки соли 1948 дар онҷо Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар  қабул гардидааст, баромада, хостори гиромидошти рӯзи қурбониёни бешумори фақирӣ, зулм ва гуруснагӣ гардиданд. Гирдиҳамомадагон бо изҳори он, ки қамбизоатӣ поймолкунии ҳуқуқи инсон ба ҳисоб меравад, талаб намуданд, ки  дар ин ҷода тадбир андешида шавад.

22 декабри соли 1992 Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид қатъномае қабул намуд, ки дар асоси он 17 октябр Рӯзи байналмилалии мубориза бо   камбизоатӣ эълон карда шуд. «Барои қабули қатъномаи мазкур ҷашну санаҳое, ки ташкилоти мухталифи ғайридавлатӣ ба ин хотир таҷлил менамуданд ва аз ҷониби СММ ҳамчун   Рӯзи байналмилалии мубориза бо   камбизоатӣ эътироф гардида буданд, асос шуданд», — иттилоъ додааст маркази иттилоотии СММ.

Соли равон аз қабули Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак 30 сол сипарӣ гардида, ҳуҷҷати мазкур тавонист ҳуқуқи ин қишри ҷомеаро дар саросари олам ҳимоя намояд.  Аз ин хотир, имсол мавзӯи Рӯз бо назардошти муҳимияти таъмини ҳуқуқу озодии кӯдакон ва оилаи онҳо ба мубориза бо камбизоатӣ бахшида шудааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  давлати соҳибистиқлол ва узви комилҳуқуқи ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ мебошад, таъмини шароити зиндагии арзандаи аҳолӣ ва ё паст кардани сатҳи камбизоатӣ ҳадафи олии Ҳукумати мамлакат қарор дода шудааст. Ин аст, ки бо шарофати сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1997 инҷониб оид ба ин масъала дар мамлакат барномаву стратегия ва лоиҳаҳои мухталиф татбиқ карда шуда, имрӯзҳо амалишавии иддае аз чунин санадҳо идома дорад.

24 феврали соли 2010 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Стратегияи паст кардани  сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012-ро, ки моҳи январи ҳамон сол дар ҷаласаи Шӯрои миллии рушди  назди Сарвари давлат баррасӣ шуда, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дастгирӣ ёфтааст, ҷонибдорӣ кард.

Стратегияи мазкур, пеш аз ҳама, ба Ҳадафҳои рушди ҳазорсолаи СММ мутобиқ гардонида шуда, татбиқи он имконият дод, ки дар бахши хусусии  рушди сармоягузориҳо тавсеаи озодиҳои иқтисодӣ зиёд гардад ва сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат паст карда шавад.

Тибқи дурнамои Стратегияи миллии рушди  Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои давраи то соли 2030, агар сатҳи камбизоатӣ  дар соли 2015 – 31 %-ро ташкил дода бошад, пас соли 2020 -20, соли 2025 – 18  ва соли 2030 – ба  15% фаровардани он пешбинӣ гардидааст.

Тавре дар ин Стратегия дарҷ гардидааст: «Диққати асосӣ  дар  Ҳадафҳои рушди устувор  ба консепсияи рушди устувори инсон равона шудааст.  Бинобар ин пурра аз байн бурдани  камбизоатӣ,  иваз намудани моделҳои ноустувор ва пешбурди моделҳои устувори истеъмолот  ва истеҳсолот,  инчунин  ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ  бо мақсади рушди  минбаъдаи  иқтисодию иҷтимоӣ  вазифаҳои асосӣ  ва шартҳои  ҳаётан муҳими рушди устувори инсон маҳсуб меёбанд».

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба мақсаду ҳадафҳои дар Стратегияи миллии рушд дарҷгардида расидан як қатор тадбирҳои судмандро андешид. Бо назардошти ҳадафҳи олии қаблан дарпешгузоштаи Ҳукумати мамлакат саҳми рушди саноатро дар таъмини зиндагии шоиста ва мубориза бо камбизоатӣ муҳим шуморида, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии босуръати мамлакатро ҳадафи чоруми стратегӣ эълон намуднд.

Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 19 ноябри соли 2017 зимни суханронии худ ба муносибати 25–умин солгарди   Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд: «Даромади аҳолӣ қариб 30 баробар ва пасандозҳо беш аз 90 баробар зиёд гардида, сатҳи камбизоатӣ аз 83 то 30 фоиз коҳиш ёфт. Ба туфайли интихоби дурусти ҳадафҳои умумимиллӣ ва амалӣ гардонидани стратегияву барномаҳои давлатӣ дар 17 соли охир суръати миёнаи рушди иқтисодии мамлакат ба 7,7 фоиз баробар шуд. Агар соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ фаъолият карда бошад, ҳоло ин шумора ба беш аз 2000 адад  расидааст».

Бешак таҳлилу хулосабарории дурбинона ва вазифагузориҳои минбаъдаи Сарвари давлат метавонанд дар рушди иқтисодиёт ва дигар соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа саҳм гузошта, барои мубориза бо камбизоатӣ заминаи мавҷударо тақвият бахшад.

«Албатта, болоравии иқтисодиёт, эълон намудани  ҳадафҳои стратегӣ, қабули барномаву стратегияҳои давлатӣ ва рушди саноат аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки дар роҳи паст кардани сатҳи камбизоатӣ нақши муҳим доранд. Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат ба ин масъалаҳо таваҷҷуҳи хос дошт ва онро идома дода истодааст», — гуфта буд узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Олимҷон Бобоев чанде пеш дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар».

Ба гуфтаи мавсуф, саноат рушди тиҷорат мебошад. «Зеро вақте шахс ин ё он моли саноатиро истеҳсол мекунад, он сабаби  ба тиҷорат машғул шудан мегардад. Аз ин хотир, эълон намудани саноатикунонии босуръат ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумуҳурии Тоҷикистон қадами устуворест дар роҳи рушди босуботи  давлатдорӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ», — илова намуд Олимҷон Бобоев.

Бояд гуфт, ки дар асоси заминаҳои мавҷуда сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат ба тарзи назаррас коҳиш дода шуда, аз ҷониби коршиносон ва созмонҳои байналмилалӣ сазовори баҳои баланд гардид.

Масалан, 22 январи соли 2018 зимни ҷаласаи Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш дар бораи 2 баробар коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон сухан гуфт.

Зимни ҷаласа Дабири кулли СММ зикр намуд, ки Осиёи Марказӣ дар даҳсолаҳои охир дар самти рушди устувор ба пешрафти назаррас ноил гардидааст ва барои далели гуфтаҳояш Ҷумҳурии Тоҷикистонро мисол овард.

«Масалан, дар Тоҷикистон сатҳи камбизоатӣ ду баробар – аз 81 дарсади соли 2003 то 31 дарсади соли 2015 коҳиш ёфт», — гуфт А. Гутерриш.

Ба иттилои Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи се қарори дахлдори Ҳукумати мамлакат ҷубронпулӣ ва кумакпулиҳо ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат таъйин ва пардохт карда мешаванд. Инҳо  қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пардохти кумакпулӣ ба оилаҳои камбизоат, ки кӯдаконашон дар мактабҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд»,  «Дар бораи тақвияти кумакрасонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат» (таъйин ва пардохти ҷубронпулӣ ба оилаҳои камбизоат барои истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ)  ва  «Дар бораи идома ва ҷорӣ намудани механизми таҷрибавии кумаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат» мебошанд.

Мавриди зикр аст, ки шурӯъ аз соли 2001 ба оилаҳои камбизоате, ки кӯдаконашон дар мактабҳои  таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ таҳсил менамоянд, кумакпулӣ ва аз соли 2004 барои истифодаи қувваи барқу гази табиии онҳо ҷубронпулӣ таъйин ва пардохт карда мешавад.

«Дар 9 моҳи соли равон дар 40 шаҳру ноҳияи таҷрибавӣ 69 ҳазору 950  хонавода барои гирифтани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ҳуқуқ пайдо намуданд, ки бо назардошти гирандагони соли гузашта 97 ҳазору 186 нафарро ташкил медиҳад», — иброз дошт муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода зимни ҷаласаи ҳайати мушовараи ин ниҳод.

Гуфта мешавад, ки кумакпулӣ ба хонандагони ниёзманд, инчунин дар  маҳалли   зист  ба   оилаҳо ва шаҳрвандоне,   ки даромади   миёнаи   моҳонаи ҳар як аъзои оила (ё шаҳрванд) аз 50 фоизи андозаи ҳадди ақали музди меҳнати муқарраргардида паст ва ё ба он баробар мебошад, таъйин карда мешавад.

Инчунин оилаҳои бесаробонмондаи серфарзанд, ки фарзандони ноболиғ доранд, оилаҳое, ки ду ва ё зиёда аъзои маъюб доранд, аз ҷумла оилаҳое, ки сарварашон маъюби ғайри қобили кор аст, ҳамчунин пиронсолон  ва маъюбони яккаву танҳо, ки даромади миёнаи моҳонаи ҳар як аъзои оила  ( шаҳрванд) аз 50 фоизи андозаи музди меҳнати миёнаи маҳалли зисташон кам ё ба он баробар мебошад, ба гирифтани ҷубронпулӣ ҳуқуқи афзалиятнок доранд.

Тибқи муқаррароти мавҷуда, барои  муайян намудани оилаҳои камбизоат ҷиҳати  таъйин ва пардохти ҷубронпулӣ  барои истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ дар сатҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, идораҳои манзилию коммуналӣ комиссияҳои маҳаллӣ ва дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо комиссияҳо таъсис дода мешаванд. Шаҳрвандон ва оилаҳои камбизоат ба комиссияҳои маҳаллӣ муроҷиат намуда, ба рӯйхат гирифта мешаванд. Тибқи тавсияи онҳо рӯйхатҳо аз ҷониби комиссияҳои шаҳриву ноҳиявӣ ҳар ду моҳ тасдиқ карда мешаванд ва барои пардохти ҷубронпулӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости молиявӣ пешниҳод менамоянд.

Зимнан, масъалаи паст кардани сатҳи камбизотӣ дар ҷаҳон то кунун ҳамчун мушкилот  боқӣ мондааст. Аз ин хотир, Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид солҳои 2018–2027-ро Даҳсолаи сеюми байналмилалии СММ оид ба мубориза бо   камбизоатӣ эълон намуд.

Дабири кулли СММ зимни  суханронии  худ, ки 22 июли соли 2019 дар ВАО нашр гардид, оид ба ҳадафу нақшаҳои дарпешгузоштаи даҳсолаи нав сухан кард.

«Соли 1990 36 фоизи аҳолии сайёра бо маблағи 2 доллар дар як рӯз зиндагӣ мекарданд. Бо гузашти 20 сол ин шумора 10 ва дар охири соли 2018 то 8,6 фоиз поён рафт.  Бо вуҷуди ин, имрӯз суръати махдуд кардани сатҳи камбизоатӣ  иҷрои ҳадафҳои гузошташуда- нест кардани қашшоқиро дар даҳсолаи наздик зери шубҳа гузоштааст», — гуфт Антониу Гутерриш.

Тибқи иттилои коршиносони байналмилалӣ, дар охири асри 20 беш аз чоряк ҳиссаи аҳолии ҷаҳон ба камбизоатӣ  гирифтор  шуданд. Тадқиқоти гузаронида нишон медиҳанд, ки аз соли  1999 то 2007 дар ҷаҳон аз камбизоатӣ беш аз 300 миллион нафар вафот карданд.  Ба ин хотир Созмони Милали Муттаҳид баҳри кам гардонидани ин мушкилот  якчанд барномаҳо қабул ва татбиқ намуд.

Аз таҳлилҳои боло бармеояд, ки бо мақсади паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои таъхирнопазир андешида шуда, масъалаи мазкур дар мадди назари роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Шукӯҳи ДАЛЕР,
АМИТ «Ховар»

 

Октябрь 17, 2019 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд