Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Куба Мигел Диас-Канел барқияи табрикӣ ирсол намуданд

Октябрь 12, 2019 17:17

ДУШАНБЕ, 12.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Куба Мигел Диас-Канел барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Бо камоли мамнуният Шуморо ба муносибати интихоб гардиданатон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Куба самимона табрику муборакбодӣ менамоям.

Интихоби Шумо ба ин маснади олӣ аз ҷониби Парлумони кишвар боз як гувоҳи фаъолияту заҳматҳои созандаву самараноки Шумо ба ҳайси Роҳбари Куба мебошад.

Ҷониби Тоҷикистон ҳавасманди густариши робитаҳои судманд бо Ҷумҳурии Куба буда, ба ояндаи неки ҳамкориҳои созандаи байни ду кишвар итминони комил дорад.

Зимнан омодаем, ки ҷиҳати рушду тавсеаи онҳо дар ҳамаи сатҳҳо пайгирона саъйю талош варзем. Умед дорам, ки Шумо низ дар ин маснади олӣ кӯшишҳои худро ҷиҳати пешбурди муносибатҳои дӯсти ва ҳамкориҳои миёни кишварҳоямон дареғ нахоҳед дошт.

Бо ибрози беҳтарин орзую таманниёт ба Шумо, ҷаноби Президент, сиҳҳатии комил, дар кори амалӣ намудани вазифаи пурмасъулияти наватон муваффақиятҳо, ба кишвари дӯсти Куба пешрафту шукуфоӣ ва ба мардуми  он саодату комгорӣ хоҳонам».

Октябрь 12, 2019 17:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд