Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон мулоқот намуданд

Октябрь 11, 2019 11:38

ДУШАНБЕ, 11.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 11 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашхободи Туркманистон дар ҳошияи Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон мулоқот карданд.

Дар мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории ду кишварро мавриди муҳокима қарор доданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки рушди муносибатҳо бо кишварҳои аъзои ИДМ, аз ҷумла бо Молдова, барои Тоҷикистон аз самтҳои афзалиятнок маҳсуб меёбад ва байни ду кишвар имкониятҳои васеъи истифоданашуда барои таҳкиму густариши робитаҳо мавҷуд аст.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла фаъолгардонии кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ, сармоягузорӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, кишоварзӣ, соҳаҳои тандурустӣ ва фарҳангию гуманитариро баррасӣ карданд.

Айни ҳол дар баррасии ҳукуматҳо 7 санади байниҳукуматӣ қарор дорад ва ҷонибҳо хостори тезонидани раванди имзои онҳо шуданд.

Татбиқи саривақтии “Барномаи ҳамкории иқтисодӣ байни ҳукуматҳои ду кишвар” то соли 2021 ва созишномаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои тандурустӣ, тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва фарҳанг, барои ҳар ду давлат муҳим арзёбӣ гардид.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаи таҳкими робитаҳо дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла бойторӣ, чорводорӣ, растанипарварӣ, занбурпарварӣ, содироти хушкмева ва асал, ҳамчун самтҳои дигари афзалиятноки ҳамкорӣ баррасӣ карда шуд.

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон 11.10.2019

Октябрь 11, 2019 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро ба ҳузур пазируфтанд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд