Рӯзномаи британии «The Guardian» дарвозабони дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Муҳриддин Ҳасановро ба шастгонаи футболбозони боистеъдоди ҷаҳон дохил кард
ДУШАНБЕ, 11.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзномаи британии «The Guardian» дарвозабони дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ва дастаи футболи «Парвоз» Муҳриддин Ҳасановро ба шастгонаи футболбозони боистеъдоди соли таваллудашон 2002 дохил кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод.
«The Guardian», аз ҷумла, менависад: «Дарвозабони дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Муҳриддин Ҳасанов барои ба финали Чемпионати Осиё-2018 миёни 16-солаҳо баромадани дастаи Тоҷикистон ситораи гардид. Муҳриддин Ҳасанов дар баргардонидани ҷаримаҳои 11-метра (пеналтӣ) дар бозиҳо бар муқобили дастаҳои Кореяи Шимолӣ ва Кореяи Ҷанубӣ маҳорат нишон дод. Ӯ мақсади ба Аврупо рафтан дорад ва дастаҳои Россия аллакай ба ӯ таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд».
Ба ин рӯйхат инчунин бозигарони дастаҳои футболи «Барселона»-и Испания Ансу Фати, «Интер»-и Италия Люсиен Агум, «ПСЖ»-и Франсия Адил Аушиш ва Нянзу Куасси, «Бавария»-и Германия Малик Тиллман, «Реал Мадрид»-и Испания Андри Лукас Гудёонсен, «Ювентус»-и Италия Пабло Морено ва «Бунёдкор»-и Ӯзбекистон Ҷасур Ҷалолиддинов шомиланд.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






