Дар Бодканд Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Муовини Сарвазири Ҷумҳуриии Қирғизистон Жениш Разақов вохӯрӣ намуд

Октябрь 17, 2019 17:26

ДУШАНБЕ, 17.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи мувофиқаҳои бадастомада дар доираи вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков 11 октбяри соли 2019 дар шаҳри Ашқобод, 16 октябри соли 2019 дар шаҳри Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон вохӯрии кории муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо муовини Сарвазири Ҷумҳуриии Қирғизистон Жениш Разақов, инчунин вохӯрии навбатии гурӯҳҳои топографӣ ва ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба фаъолгардонии раванди кашидани хатти сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар қитъаҳои боқимонда мубодилаи афкорнамуданд.

Бо мақсади расидан ба натиҷаҳои назаррас оид ба ҳалли зудтари масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатӣ гурӯҳи доимоамалкунандафаъол карда мешавад.

Ҷонибҳо моиланд фаъолона ва самарабахш кор кунанд. Роҳбарони ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бароианҷом додани корҳо дар доираи гурӯҳи доимоамалкунандаи коршиносон оид ба масъалаҳои топографӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба кори худ дар минтақаҳои наздисарҳадии ду кишвар шурӯъ намуданд, супоришҳои дақиқ доданд.

АКС: АИ КАБАР

Октябрь 17, 2019 17:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд