Саидҷалол Ҳусейни Бадахшонӣ: «Ман орзумандам, ки рӯз ба рӯз зиндагии шумо беҳтар бишавад»
ДУШАНБЕ, 23.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 22 октябр дар Душанбе таҳти унвони «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз», Симпозиуми байналмилалии илмӣ ба кори худ оғоз намуд, ки дар расми ифтитоҳи он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни он таъкид гардид, ки бузургдошти шахсиятҳои сиёсӣ, илмиву адабӣ ва бофарҳанги гузаштаву муосир, тарғибу ташвиқ, таҳқиқ ва таълими осору афкори онҳо, ҳамчунин арҷгузорӣ ва ҳифзи мероси илмиву адабӣ, таърихиву фарҳангӣ аз рукнҳои асосии сиёсати Ҳукумат ва давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор меравад. Ин, бешубҳа, аз сиёсати созандаву санҷида ва дурбинонаи Сарвари давлатамон-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.
Тавре дар ҷараёни ҳамоиш гуфта шуд, Симпозиуми илмии имрӯза давоми мантиқии ин гуна чорабиниҳо мебошад, ки он бо ҳидояти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуда, ба 1120-солагии давлатдории Сомониён, бузургдошти Борбади Марвазӣ, Куруши Кабир ва ҷашнҳои фарҳангии мардуми ориёинажод – Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон бахшида шуда буд.
Яке аз меҳмонони ин Симпозиум Саидҷалол Ҳусейни Бадахшонӣ дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба муҳимияти ин ҳамоиш ва посдории таъриху тамаддуни ориёӣ аз ҷониби Раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин ибрози назар кард:
“Хушбахтона, ҳоло бо кумаки давлати Тоҷикистон ва донишмандон аз саросари ҷаҳон фарҳангу иттилооти мардуми ориёинажод аз сари нав эҳё мешавад. Қаблан бо тайғироти зиёде ин кор анҷом нашуда буд, вале имрӯз мо метавонем ба иттилои ҳамаи мардум бирасонем, ки ниёгони мо мардуми бафарҳангу донишманд буданд.
Мо хушҳол ҳастем, ки дар ҷашни Меҳргон будему аз он дидан намудем. Бояд бигӯям, ин бори 35-ум аст, ки ман ба мамлакати шумо меоям.
Бори аввале, ки ман ба Тоҷикистон омадам, ҷанг буд ва мардум ба ҳам эътимод надоштанд. То даме, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳидояти мамлакатро ба уҳда гирифтанд, ояндаи мамлакат номаълум буд. Ҳар сафаре, ки ба Тоҷикистон омадаам, аз сафари пешин беҳтар буд. Агар ба ҳамин минвол шумо кишварро идора кунед ва ҷавонон ба ҳамин минвол муттаҳид боқӣ бимонанду бихоҳанд, ки мамлакаташонро бисозанд, ҳеҷ садде дар роҳи пешрафти мардуми тоҷик вуҷуд надорад. Ва шумо ба зудӣ ба ҷаҳони мутамаддини имрӯз мепайвандед. Аз лиҳози илм, аз лиҳози технологӣ, донишгоҳҳо, саводомӯзӣ-дар тамоми чиз шумо ояндаи дурахшоне доред ва фақат он чи муҳим аст, ки бояд муттаҳид бошед.
Ҷашнҳо ҳувияти мост. Миллати тоҷик миллати шод аст. Мо думболи азодориву корҳое, ки ғам биёваранд, намеравем. Мо думболи шодӣ меравем, чаро ки агар шод бошем, зиндагии мо шод аст. Агар нороҳат бошем, ҳеҷ коре карда наметавонем. Касе, ки шод аст, корҳои хуб метавонад анҷом бидиҳад.
Мусиқӣ ҷузъи зиндагии шумост, ҷашн гирифтан ҷузъи зиндагии шумост ва ҳар чи ҷашнҳо бештар бошад, рӯҳияи мардум беҳтар аст. Корҳои бисёр хубе ҳастанд, ки Ҷаноби олӣ анҷом доданд. Ман як хотираеро нақл мекунам. Соли 1997 иттифоқ афтод, ки осорхонаро бозсозӣ кунанд, ман дар он ҷо дар хидмати эшон будам ва хуб ҳар касе мехост бо Раисҷумҳур суҳбат кунад. Ман ҳам аз ҷиҳати он ки меҳмони шумо будам, эшон омаданд канори панҷара истоданд ва ба берун нигоҳ карданд. Баргашта ба ман гуфтанд ва ҳатто ба ман ҳам не, худ ба худ гуфтанд, ки ман ин мамлакатро месозам. Ҳама ҷо нигоҳ мекунам, хароб аст.
Ҳамин имрӯз ба эшон ёдовар шудам, ки имрӯз аз панҷара ба берун нигоҳ кунед, ҳама ҷо обод аст. Ҳамаи мардум шоданд. Ҳеҷ кас ғам надорад. Ҷавонон медонанд, ки агар дарс бихонанд, агар талош кунанд, ояндашон дуруст аст. Вақте ки ҷавон ояндаи худро солим бидонад, ҳеҷ чизе пеши роҳи пешрафташро намегирад.
Хушбахтона, Тоҷикистон давлате аст, ки дар замони худаш зиндагӣ мекунад ва ҷавононро тарбия мекунад ба сӯи ояндаи фавқулодаи беҳтар. Ман орзумандам, ки рӯз ба рӯз зиндагии шумо беҳтар бишавад”.
С. ШОИК,
АМИТ «Ховар»








ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод
Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»






