Саидҷалол Ҳусейни Бадахшонӣ: «Ман орзумандам, ки рӯз ба рӯз зиндагии шумо беҳтар бишавад»

Октябрь 23, 2019 08:15

ДУШАНБЕ, 23.10.2019 /АМИТ «Ховар»/.  22 октябр дар Душанбе  таҳти унвони «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз», Симпозиуми байналмилалии илмӣ ба кори худ оғоз намуд, ки дар расми ифтитоҳи он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни он таъкид гардид, ки бузургдошти шахсиятҳои сиёсӣ, илмиву адабӣ ва бофарҳанги гузаштаву муосир, тарғибу ташвиқ, таҳқиқ ва таълими осору афкори онҳо, ҳамчунин арҷгузорӣ ва ҳифзи мероси илмиву адабӣ, таърихиву фарҳангӣ аз рукнҳои асосии сиёсати Ҳукумат ва давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор меравад. Ин, бешубҳа, аз сиёсати созандаву санҷида ва дурбинонаи Сарвари давлатамон-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.

Тавре дар ҷараёни ҳамоиш  гуфта шуд, Симпозиуми илмии имрӯза давоми мантиқии ин гуна чорабиниҳо мебошад, ки он бо ҳидояти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуда, ба 1120-солагии давлатдории Сомониён, бузургдошти Борбади Марвазӣ, Куруши Кабир ва ҷашнҳои фарҳангии мардуми ориёинажод – Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон бахшида шуда буд.

Яке аз меҳмонони ин Симпозиум Саидҷалол Ҳусейни Бадахшонӣ дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба муҳимияти ин ҳамоиш ва посдории таъриху тамаддуни ориёӣ аз ҷониби Раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин ибрози назар кард:

 “Хушбахтона, ҳоло бо кумаки давлати Тоҷикистон  ва донишмандон аз саросари ҷаҳон фарҳангу иттилооти  мардуми ориёинажод  аз сари нав эҳё мешавад. Қаблан бо тайғироти зиёде ин кор анҷом нашуда буд, вале имрӯз мо метавонем ба иттилои ҳамаи мардум бирасонем, ки ниёгони мо мардуми бафарҳангу донишманд буданд.

Мо хушҳол ҳастем, ки дар ҷашни Меҳргон будему аз он дидан намудем. Бояд бигӯям, ин бори 35-ум аст, ки ман ба мамлакати шумо меоям.

Бори аввале, ки ман ба Тоҷикистон омадам, ҷанг буд ва мардум ба ҳам эътимод надоштанд. То даме, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳидояти мамлакатро ба уҳда гирифтанд, ояндаи мамлакат номаълум буд. Ҳар сафаре, ки ба Тоҷикистон омадаам, аз сафари  пешин беҳтар буд. Агар ба ҳамин минвол шумо кишварро идора кунед ва ҷавонон ба ҳамин минвол муттаҳид боқӣ бимонанду бихоҳанд, ки мамлакаташонро бисозанд, ҳеҷ садде дар роҳи пешрафти мардуми тоҷик вуҷуд надорад. Ва шумо ба зудӣ ба ҷаҳони мутамаддини имрӯз мепайвандед. Аз лиҳози илм, аз лиҳози технологӣ, донишгоҳҳо, саводомӯзӣ-дар тамоми чиз шумо ояндаи дурахшоне доред ва фақат он чи муҳим аст, ки бояд муттаҳид бошед.

Ҷашнҳо ҳувияти мост. Миллати тоҷик миллати шод аст. Мо думболи азодориву  корҳое, ки ғам биёваранд, намеравем. Мо думболи шодӣ меравем, чаро ки агар шод бошем, зиндагии мо шод аст. Агар нороҳат бошем, ҳеҷ коре карда наметавонем. Касе, ки шод аст, корҳои хуб метавонад анҷом бидиҳад.

Мусиқӣ ҷузъи зиндагии шумост, ҷашн гирифтан ҷузъи зиндагии шумост ва ҳар чи ҷашнҳо бештар бошад, рӯҳияи мардум беҳтар аст. Корҳои бисёр хубе ҳастанд, ки Ҷаноби олӣ анҷом доданд. Ман як хотираеро нақл мекунам. Соли 1997 иттифоқ афтод, ки осорхонаро бозсозӣ кунанд, ман дар он ҷо дар хидмати эшон будам ва хуб ҳар касе мехост бо Раисҷумҳур суҳбат кунад. Ман ҳам аз ҷиҳати он ки меҳмони шумо будам, эшон омаданд канори  панҷара истоданд ва ба берун нигоҳ карданд. Баргашта ба ман гуфтанд ва ҳатто ба ман ҳам не, худ ба худ гуфтанд, ки ман ин мамлакатро месозам. Ҳама ҷо  нигоҳ мекунам, хароб аст.

Ҳамин имрӯз ба эшон ёдовар шудам, ки имрӯз аз панҷара ба берун нигоҳ кунед, ҳама ҷо обод аст. Ҳамаи мардум шоданд. Ҳеҷ кас ғам надорад. Ҷавонон медонанд, ки агар дарс бихонанд, агар талош кунанд, ояндашон дуруст аст. Вақте ки ҷавон ояндаи худро солим бидонад, ҳеҷ чизе пеши роҳи пешрафташро намегирад.

Хушбахтона, Тоҷикистон давлате аст, ки дар замони  худаш зиндагӣ мекунад ва ҷавононро тарбия мекунад ба сӯи ояндаи фавқулодаи беҳтар. Ман орзумандам, ки рӯз ба рӯз зиндагии шумо беҳтар бишавад”.

 С. ШОИК,
АМИТ «Ховар»

Октябрь 23, 2019 08:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода