Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди меҳмонхонаи замонавӣ бо марказҳои хизматрасонии маишӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд

Октябрь 10, 2019 10:46

ДУШАНБЕ, 10.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 10 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт барои бунёди меҳмонхонаи замонавӣ бо марказҳои хизматрасонии маишӣ оғоз бахшиданд.

Меҳмонхонаи замонавӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Анвар Қурбонов бунёд карда мешавад.

Тибқи лоиҳа иншооти муосири хизматрасонӣ – сайёҳӣ аз 115 ҳуҷра бо шароити замонавӣ иборат буда, бо имкони қабули 200 нафар дар як вақт бунёд мегардад.

Дар меҳмонхона 2 толори маҷлис, марказҳои хизматрасонӣ – фароғатӣ, толори варзиш, ҳавзи шиноварӣ, қаҳвахона, мағозаи либос ва ғайра барои мизоҷон шароит фароҳам карда мешавад.

Меҳмонхонаи 9-ошёна бо назардошти талаботи байналмилалӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои марказҳои хизматрасонии се ситорадор бунёд хоҳад шуд.

Зимни муаррифии лоиҳаи иншоот иттилоъ дода шуд, ки дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар меҳмонхонаи замонавӣ то 100 нафар бо ҷойи кори муваққатӣ ва баъди пурра ба истифода додани он 50 нафар бо шуғли доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд гардид.

Дар асоси нақша дар оянда аз ҷониби соҳибкор кӯдакистон бо 300 ҷой ва мактаби ибтидоӣ барои 540 нафар сохта мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат иқдоми соҳибкори ватаниро дар самти бунёди иншооти муосири хизматрасонӣ дар шаҳри Душанбе назаррас арзёбӣ карда, ҷиҳати иҷрои босифати корҳои бунёдӣ ва дар вақти муайянгардида ба истифода додани меҳмонхонаи замонавӣ дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.
Гузоштани санги асоси меҳмонхонаи замонавӣ бо марказҳои хизматрасонии маишӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 10.10.2019

Октябрь 10, 2019 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд