Шеъри Сайидои Насафӣ як навъ гимни бузургдошти инсони заҳматқарину ҳунарвар аст-бардошт аз конференсияи байналмилалӣ

Октябрь 15, 2019 14:51

ДУШАНБЕ, 15.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Шеъри Сайидои Насафӣ  монанди сурудаҳои беҳамтову оламшумули дигар классикони адабиёти форсу тоҷик, як навъ гимни бузургдошти инсони заҳматқарину ҳунарвар, Яшти меҳани созандаву фарозанда, мадеҳаи фазлу ҷавонмардиву солорӣ, таронаи ишқу муҳаббати пок ва бадеҳаи муҳассаноти бани башар аст, ки лузумаш ҳеҷ аз миён нахоҳад рафт. Ин матлаб имрӯз зимни конференсияи байналмилалии «Сайидо ва саҳми ӯ дар инкишофи забон ва адабиёти тоҷик», ки ба ифтихори  400-солагии яке аз барҷастатарин симоҳои адабиёти қарни 17 ва 18 мелодӣ, суханвари бузург Миробид Сайидои Насафӣ дар бинои асосии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир шуд, зикр гардид. 

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки ҳамоиши илмиро ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, академик Маҳмадюсуф Имомзода ифтитоҳ намуд.

Сипас мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба масъалаҳои  рушди иҷтимоӣ ва робита  бо ҷомеа, доктори илмҳои филологӣ, профессор Масрур Абдуллозода, Раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим ва сарпарасти Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмахсуми Бадахш сухан карданд.

Зикр гардид, ки  Сайидои Насафӣ бо мероси пурқимат ва арзишманди адабӣ ва афкори баланди инсонии худ дар таърихи адабиёти ин давра мақом ва манзалати шоиста дошта, дар ашъори ӯ, пеш аз ҳама, ишқ бо тамоми паҳлуҳояш тараннум ёфтааст. Зиёда аз ин мавсуфро адибе аз табори ҳунармандон муаррифӣ кардаанд ва ашъори ба аҳли ҳунари замон бахшидаи ӯ дар эҷодиёташ мавқеи вижа дораду маҳбубияташро дар байни ҳаводорони шеъри ноби тоҷикӣ бештар афзудааст. Беҳтарину бебаҳотарин ва боэътимодтарин маъхазе, ки моро бо Сайидои Насафӣ, шебу фарози зиндагӣ ва мероси адабии ӯ аз наздик шинос менамояд, эҷодиёти ӯст. Офаридаҳои килки сеҳрангези шоир беш аз 8500 байтро фаро мегиранд.

Конференсия аз ду бахш-забон ва адабиёт иборат буда, тӯли ду рӯз донишмандони дохиливу хориҷӣ масъалаҳои Сайидо ва рушди забони адабии тоҷик дар асри XVII, ҳунари вожаофарии Сайидои Насафӣ, сабк ва дарунмояи ашъори Миробид Сайидои Насафӣ, аҳамияти тарҷумаҳолии ғазалиёти Сайидо ва дигар масъалаҳои марбут ба  осори арзишманду афкори  баландии инсонии ин суханвари бузургро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Аз ҷумла, профессор Бадриддин Мақсудов зимни маърӯзааш иброз намуд, ки Сайидо дар инкишофи адабиёти тоҷик саҳми назаррас гузоштааст. Ин суханвари бузург дар таърихи адабиёти тоҷик чӣ дар ғазал ва чӣ дар маснавӣ ва ҷанбаҳои дигар ҳамчун шоири навовар шинохта шудааст. Ин донишманди тоҷик зикр кард, ки «ҷойгоҳи Сайидо хусусан дар пешбурди забони адабии тоҷикӣ назаррас аст. Зеро ӯ ҳамаи он воқеаҳоеро, ки дар ҳамон давра рӯй додааст, дар ашъораш инъикос кардааст. Бинобар ин тавре муҳаққиқон таъкид кардаанд, Сайидо дар таърихи адабиёти мо аз мақоми ниҳоят шоистае бархурдор аст ва бояд ҳам забоншиносон ва ҳам адабиётшиносон ҳаматарафа ашъори ӯро таҳқиқ намоянд».

Донишмандон зикр карданд, ки умуман эҷодиёти Сайидои Насафӣ дар таърихи адабиёти классикии форсии тоҷикӣ падидае нодиру назаррас буда, онро ҳам аз ҷиҳати сохт ва ҳам аз нигоҳи муҳтаво ғанитар гардонидааст. Таъсири мактаби эҷодии шоир ба раванди минбаъдаи адабиётамон пайваста эҳсос мешавад, ки басо мусмиру файзовару ибратбахш аст.

Дар конференсияи байналмилалӣ олимон ва намояндагони давлатҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Покистон низ иштирок доранд.

Ёдовар мешавем, ки дар ҳошияи иҷлосияи 39 Конфронси генералии ЮНЕСКО номинатсияи 400-умин солгарди таваллуди шоир ва мутафаккири форсу тоҷик Миробид Сайидои Насафӣ барои ворид гардидан ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои солҳои 2018-2019 қабул гардид.

Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»

Октябрь 15, 2019 14:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории илмии Тоҷикистон ва Чин густариш меёбад
«СИТОРАҲОИ ИТТИҲОД». Профессор аз Тоҷикистон соҳиби ин ҷоизаи байнидавлатӣ гардид
Дар Душанбе Форуми заминшиносии Осиёи Марказӣ-2024 баргузор шуд
Соли 2025 Тоҷикистон мизбони Шурои вазирони фарҳанги кишварҳои аъзои ИДМ мегардад
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии фарҳангии Санкт-Петербург сухан гуфтанд
АМИТ «Ховар» бо Агентии давлатии иттилоотии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҳамкориро тақвият мебахшанд
Дар Кохи фарҳанги ноҳияи Темурмалик кинотеатри «Тоҷи Сомон» таъсис дода шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши ҳунарҳои қадимии миллии халқи тоҷик баргузор гардид
Агентиҳои иттилоотии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рушди ҳамкориро баррасӣ намуданд
Дар Панҷакент Боғи Абулқосим Фирдавсӣ сохта мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор муассисаи фарҳангӣ фаъолият менамояд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Дар шаҳри Бӯстон барои ҳунармандони истеҳсолкунандаи армуғон озмун эълон гардид