Шермуҳаммад Шоҳиён ба судяҳо супориш дод, ки баъди қабули Қонуни авф татбиқи онро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд

Октябрь 21, 2019 09:44

ДУШАНБЕ, 21.10.2019/АМИТ «Ховар»/. Раиси Суди Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён ба  раисони судҳои Вилояти Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ супориш дод, ки баъд аз қабул ва мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» татбиқи онро таҳти назорати қатъӣ қарор дода,  риояи ҳатмии талаботи Қонуни мазкурро ба роҳ монанд. Ин нуктаро Шермуҳаммад Шоҳиён  дар маҷлиси васеъ, ки дар он фаъолияти мақомоти судӣ дар нуҳ моҳи соли 2019 натиҷагирӣ гардид, зикр намудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз бахши иттилооти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ёдовар мешавем, ки 16 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ, дар асоси принсипи инсондӯстонаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ба муносибати 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карданд.

Дар ҳамоиш нисбат ба ин масъала ба судяҳои судҳои ҷумҳурӣ маълумот дода шуда, зикр гардид, ки дар лоиҳаи Қонуни мазкур аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо озод намудани шахсоне, ки парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба онҳо дар баррасии мақомоти таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ё судҳо қарор доранд ё дар асоси ҳукми судҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ адои ҷазо карда истодаанд, пешбинӣ гардидааст.

Аз рӯи маълумоти пешакӣ, Қонуни мазкур баъд аз қабул ва мавриди амал қарор гирифтан нисбат ба зиёда аз бист ҳазор нафар гумонбаршудагон, айбдоршавандагон, судшавандаҳо ва маҳкумшудагон татбиқ мегардад.

Октябрь 21, 2019 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд