Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд

Ноябрь 5, 2026 10:15

ДУШАНБЕ, 05.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 4 ноябр дар шаҳри Минск муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода дар ҷаласаи пленарии Конференсияи IV байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Фаррух Ҳамрализода ба зарурати таҳкими эътимод, ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии бисёрҷониба таъкид намуда, онро омили муҳим дар таъмини сулҳи устувор дар фазои Авруосиё ва миқёси ҷаҳонӣ арзёбӣ кард.

Муовини якуми вазир ҳамчунин аз ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он» ва ташаббуси эълони «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба манфиати наслҳои оянда» ёдовар гардида, дар бораи иқдомҳои андешидаи давлат дар таъмини сулҳу суботи минтақавӣ  иттилоъ дод.

Омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкории созанда ва мутақобили судманд бо ҳама шарикони минтақавӣ ва байналмилалӣ таъкид гардид.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 5, 2026 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд