Таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон
ДУШАНБЕ, 04.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 4 октябр дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳли толор, мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ, ки аз соли 2009 ба ин сӯ 5 октябр таҷлил мегардад, табрику таҳният гуфта, забони давлатиро арзиши волои миллӣ ва рушди онро вазифаи муҳими тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ номиданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нақши таърихии бисёрасраи забони тоҷикӣ чун забони расмии давлатӣ ва муоширати миёни қавмҳои гуногун ёдовар шуда, таъкид карданд, ки «забони модарии мо — забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ, ки донишу маърифати дар тӯли ҳазорсолаҳо андӯхтаи мардумро дар худ нигоҳ доштааст, гӯётарин далели ҳастӣ ва мақоми ҳаётбахши он дар сарнавишти таърихии миллати мо ба ҳисоб меравад. Яъне миллати шарафманди тоҷик таъриху фарҳанги камназири худро бо ҳамин забон иншо ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст».
Таъкид гардид, ки забони тоҷикӣ то ба имрӯз ба шарофати хизматҳои бузург, заҳматҳои бедареғ ва корнамоиҳои беназири фарзандони фарзонаи халқи тоҷик аз Исмоили Сомониву устод Рӯдакӣ то устод Айниву Бобоҷон Ғафуров ба ҳамон гунаи асилу ноб, бо ганҷинаи ғаниву рангини калимаву истилоҳот ва таъбиру таркиботи зебову дилчасп то ба рӯзгори мо расидааст. Бо ифтихори тамом метавон гуфт, ки дар амри бақову ҳастии миллат ва забони мо сулолаи некноми Сомониён нақши калидӣ дорад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ворисони имрӯзу ояндаи ин забони нобу тавоноро ба ҳифзи покизагӣ ва рушду такомули ҳамаҷонибаи он чун забони коргузории давлатӣ, фарҳанг ва илму техникаи муосир ҳидоят намуданд.
Риояи қоидаю меъёрҳо ва имлои забони давлатӣ, бахусус барои кормандони матбуоти даврӣ, радио, телевизион, муассисаҳои табъу нашр, омӯзгорону парасторони муассисаҳои таълимию томактабӣ ва ҳамчунин ба падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон таъкид гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои марбута барои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар амал ҷорӣ кардани «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ», «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ», инчунин таҳияи лоиҳаи «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» дастуру супоришҳо доданд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус русӣ ва англисӣ дар мактабҳои мамлакат бояд шароит фароҳам оварда шавад, то ҷавонони мо аз омӯхтани чанд забони хориҷӣ баҳраманд бошанд. Имрӯз Тоҷикистон дар доираи сиёсати хориҷии худ сиёсати «дарҳои боз»-ро пеш гирифта, бо 160 давлати ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ дорад. Ин воқеият миёни насли оянда таблиғи забондониро талаб менамояд.
Дар фароварди суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки қарзи фарзандӣ ва рисолати инсонии мост, ки забони модариамон, яъне ин забони ширину шоиронаро баробари модари худ азиз шуморем, дӯст дорем, онро мисли модар, ки моро ба дунё оварда, меҳри забонро бо шири поку ҷонбахш ва муҳаббати онро бо аллаи гӯшнавозаш дар ҷисму ҷони мо ҷой кардааст, эҳтирому эҳтиёт кунем ва мисли гаронбаҳотарин сарвати умрамон ҳамеша гиромӣ дорем.
Ҷамъомади тантанавиро ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи рангини фарҳангии устодони санъат ва ҳунармандони мамлакат идома дод, ки бисёр дилнишин буд.









Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Лионг Кионг барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи парчами давлатӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Иро ба ҳузур пазируфтанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бинои Маҷмааи хизматрасонии техникии парвозҳоро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 3 қитъаи роҳи мошингарди Деҳмой-Конибодом — Деҳмой-Бобоҷон Ғафуров, Бобоҷон Ғафуров-Хистеварз ва Кучкак-Конибодомро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таври фосилавӣ 6 иншооти таъйиноти гуногунро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти пластикии ҶДММ «Чавроқ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






