Тоҷикистон ба ҳамкории мутақобила дар чаҳорчӯби САҲА аҳамияти хосса медиҳад
ДУШАНБЕ, 08.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 7 октябр гурӯҳи 16-нафараи сафирони кишварҳои иштироккунандаи САҲА дар чаҳорчӯби сафари худ ба Осиёи Марказӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, барномаи васеи сафари сафирон дар Тоҷикистон аз вохӯрӣ бо Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода оғоз ёфт. Қ. Расулзода меҳмононро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, изҳор дошт, ки сафари мазкур далели рағбат ва майли муштарак барои ноил шудан ба ҳадафҳои САҲА дар таъмини сулҳу субот дар паҳнои васеи Созмон мебошад.
Дар нимаи якуми рӯз гурӯҳи сафиронро инчунин Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба ҳузур пазируфт. Дар ҷараёни вохӯрӣ С. Муҳриддин таъкид кард, ки Тоҷикистон ба ҳамкории мутақобила дар чаҳорчӯби САҲА ва таъмиқи онҳо дар се самти фаъолияти Созмон аҳаммияти хосса медиҳад.
Дар вохӯрӣ табодули афкори амиқ оид ба чолишу таҳдидҳое, ки САҲА ва иштирокчиёни он ба онҳо дучоранд, сурат гирифт.
Сафирон ба тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати ба ҳам овардани тадбирҳои байналмилалӣ бо мақсади муқовимат бар зидди терроризм ва маблағгузории он дар минтақаи Осиёи Марказӣ, пеш аз ҳама, дар чаҳорчӯби чорабиниҳои сатҳи баланди «раванди Душанбе» баҳои баланд доданд. Ғайр аз ин, сафирон натиҷаҳои раёсати Тоҷикистонро дар Форуми ҳамкории амниятии САҲА дар соли равон сутуданд.
Дар ҳошияи сафари сафирон дар мавзӯи «Муқовимат ба терроризм, ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир» суҳбати «мизи мудаввар» баргузор гардид. Ҳамоиши мазкур имкон фароҳам овард, ки муҳокимаи мавзӯи тадбирҳои андешидашуда ва саҳми Тоҷикистон дар амалисозии рӯзномаи ҷории САҲА идома дода шавад.
Дар чаҳорчӯби ҳамоиш намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар ва Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфтанд.
Барномаи сафари гурӯҳи сафирон инчунин боздид аз Маркази навтаъсиси омӯзишӣ доир ба минаҳои назди Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва қароргоҳи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар гирифт. Сафирон бо фаъолияти амалии ин муассисаҳо ҷиҳати минарӯбӣ, нобуд кардани аслиҳаи одӣ ва инчунин анҷом додани амалиёт оид ба муқовимат зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва қочоқи он шинос шуданд.
Пас аз анҷоми сафари корӣ гурӯҳи сафирон аз Дафтари барномаҳои САҲА дар шаҳри Душанбе дидан карда, зимни он бо фаъолияти Коллеҷи сарҳадии САҲА ба муносибати ҷашни 10-солагии фаъолияташ шинос шуд ва инчунин бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷавонони Тоҷикистон вохӯрӣ барпо кард.
Ҳайати меҳмонон аз сафирони Словакия (кишвари дар САҲА раисикунанда), Италия (ҳамоҳангсози гурӯҳ), Австрия, Афғонистон, Белгия, Исландия, Испания, Португалия, Россия, Сербия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Черногория, Шветсия, Эстония, Иттиҳоди Аврупо ва инчунин намояндагони Марказ оид ба пешгирии низоъҳои Котиботи САҲА иборат буд.
АКС: ВКХ ҶТ








Дар Теҳрон табодули таҷриба байни мутахассисони соҳаи тибби Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо раиси Гурӯҳи хадамоти ҳавопаймоии «Скай» мулоқот намуд
Дар Душанбе аҳаммияти ҳамкории байналмилалӣ барои таъмини рушди устувор баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли Дафтари СММ дар Вена мулоқот намуд
Дар Риёз ҳамкорӣ байни Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва Комиссияи синамои Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд
Дар Вена баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Австрия баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои дохилии Миср мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Вазири адлияи Эрон мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини парлумонии вазири корҳои хориҷии Ҷопон Эри Арфия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар вохӯрии муовини Котиби давлатии ИМА бо сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси Палатаи савдо ва саноати Салтанати Умон мулоқот намуд






