Тоҷикистон дар бозии даври дуюми Чемпионати Осиё дастаи мунтахаби ҷавонони Лубнонро мағлуб намуд

Октябрь 5, 2019 09:25

ДУШАНБЕ, 05.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Шоми  дирӯз дар доираи бозиҳои марҳилаи муқаддамотии Чемпионати Осиё байни ҷавонони то 19- солаи Осиё дар гурӯҳи «С» бозиҳои даври дуюм барпо шуданд. Дар дидори аввал дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи   Сурия бар ҳамтоёни худ аз ҷазираҳои Малдив бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд. Мавзӯъро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад. 

Дастаи  мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон   бо дастаи  мунтахаби ҷавонони Лубнон бозӣ кард. Ҳарчанд шогирдони Зайниддин Раҳимов дар ҷараёни дидор аз ибтидо то интиҳо ташаббусу тараддуди майдондориро дар дасти хеш нигоҳ медоштанд, вале ба дарвозаи рақиб танҳо як гол заданд. Дар дақиқаи 46-уми дидор гузариши Ҳамадонӣ Камолов аз канор, сипас паси ӯ ба Рустам Соиров ва дар идома ирсоли тӯб ба ҳамлагар Шаҳром Самиев сабаб шуд, то дарвозаи Тариқ Наҷиа боз шавад. Ҳоло дар ҳисоби Шаҳром Самиев 4 гол буда, ӯ беҳтарин нишонзани марҳилаи муқаддамотӣ ба ҳисоб меравад.

Бо ин пирӯзӣ футболбозони ҷавони мо ҳоло дар гурӯҳ бо касби 6 имтиёз садрнишинанд. Рақиби асосии мо дастаи мунтахаби ҷавонони Сурия ба ҳисоб рафта, дар ҳисоби дастаи мунтахаби Сурия ҳоло 4 имтиёз аст. Ду иштирокчии дигари ин гурӯҳ дастаҳои мунтахаби  ҷавонони то 19-солаи Лубнон ва ҷазираҳои Малдив пас аз бозиҳои даври дуюм имкони аз гурӯҳ ба даври поёнии ин мусобиқа баромаданро аз даст додаанд. Ба Чемпионати Осиё байни ҷавонони то  19-сола, ки соли оянда дар Ӯзбекистон сурат мегирад, ғолибони 11 гурӯҳ ва 4 даста бо нишондоди беҳтарини дуюм роҳ пайдо мекунанд. Ба истиснои гурӯҳи «С» дар 10 гурӯҳи боқимонда баргузории бозиҳои марҳилаи муқаддамотӣ дар оғози моҳи ноябр ба нақша гирифта шудааст.

Бояд гуфт, ки  дастаи  мунтахаби ҷавонони  то 19-солаи Тоҷикистон бозии нахустини хешро  дар гурӯҳи «С» 2 октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо дастаи мунтахаби ҷавонони  Малдив баргузор намуда, ба дарвозаи ҳарифи хеш 9 голи беҷавоб зад.

Бозӣ аз аввал то анҷом пурра дар дасти футболбозони тоҷик буд, ки аз фурсати муносиб истифода карда, 9 маротиба тӯбро вориди дарвозаи рақиби хеш  намуданд. Ҳамин тавр, дастаи  мунтахаби  ҷавонони яккачини то 19-солаи Тоҷикистон  бозии нахустини гурӯҳии марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 байни футболбозони то 19- соларо бо ҳисоби калон оғоз намуд.

 

Марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 байни футболбозони то 19-сола

Гурӯҳи «С». Бозии даври  1-ум

Тоҷикистон– Малдив – 9:0

Голҳо: Шарифбек Раҳматов, 4 (1:0). Манучеҳр Сафаров, 9 (2:0). Шаҳром Самиев, 13 (3:0). Шаҳром Самиев, 21 (4:0). Ислом Зоиров, 36 (5:0). Ислом Зоиров, 42 (6:0). Шаҳром Самиев, 46 (7:0). Ибраҳим Дхаисам, 76 – (худгол) (8:0). Шарифбек Раҳматов, 88 (9:0).

Мусобиқаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-сола

Гурӯҳи «С»

Бозиҳои даври 1-ум
2 октябр (чоршанбе)

16:00. Сурия 1:1 Лубнон
19:00. Тоҷикистон 9:0 Малдив

Бозиҳои даври  2-юм
4 октябр (ҷумъа)

16:00. Малдив 2:3 Сурия
19:00. Лубнон 0:1 Тоҷикистон

Бозиҳои  даври  3-ум
6 октябр (якшанбе)

16:00. Лубнон – Малдив
19:00. Тоҷикистон – Сурия

Ёдовар  мешавем, ки макони баргузории марҳилаи ниҳоии Чемпионати  Осиё-2020 миёни ҷавонони то  19-сола ҳанӯз муайян нашудааст. Агар мизбони Чемпионати Осиё-2020 миёни ҷавонони то  19-сола дар мусобиқоти интихобӣ дар гурӯҳи худ мақоми аввалро соҳиб шавад ва ё ба қатори чаҳор дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюм шомил гардад, он гоҳ дастаи панҷуми ҷойҳои дуюм ба марҳилаи ниҳоии мусобиқот роҳ пайдо мекунад.

Октябрь 5, 2019 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷиу-ҷитсу байни калонсолон баргузор мешавад
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дуюми худро анҷом дод
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо тими Ҷопон бозӣ мекунад
ҶОМИ ФУТЗАЛИ ОСИЁ-2026. Бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Узбекистон мусовӣ анҷом ёфт
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо ҳамтоён аз Ҳиндустон бозиҳои санҷишӣ анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи Узбекистон бозӣ мекунад
Довар аз Тоҷикистон бозиҳои қисми ниҳоии Ҷоми футзали Осиё-2026-ро ҳакамӣ мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз 20 майдонча ва толори варзишӣ сохта шуд
Машғулият оид ба таҳлили бозиҳо барои мураббиёни лигаҳои наврасони Тоҷикистон оид ба футбол идома дорад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба 100-гонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид гардид
Бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ оид ба футзал мусовӣ анҷом ёфт
«ФУТБОЛ БА НАЗДИ ШУМО МЕОЯД». Дастаи кӯдакони ноҳияи Лахш соҳиби ҷойи аввал гардид